Луқмон Бойматов, таърихнигор
"Дипломат касе аст, ки пеш аз гуфтани чизе ду бор фикр мекунад." Уистон Черчил
Бояд ҳамеша ба ёд дошта бошем, ки ҷомеаи пурсабр метавонад дар зиндагӣ бо оромиши зиёд ҳаракат кунад.
Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, рӯзи 15-уми сентябр дар Бодканд ба хабарнигорон гуфт, ки дар масъалаи сарҳад бо Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои нав ёфтанд. Ба иддаои ӯ, Қирғизистон исбот карда метавонад, ки қисми зиёди заминаш ба Тоҷикистон гузаштааст.
Сиёсатмадори қирғиз ҳушдор дод, ки агар ҷониби Тоҷикистон аз даъвои арзии худ дар баробари Қирғизистон даст накашад, Бишкек метавонад нисбат ба Тоҷикистон бар асоси ҳуҷҷатҳое, ки ба тозагӣ аз бойгонӣ пайдо шудаанд, иддаои худро матраҳ кунад.
Ӯ аз ҷумла гуфт: "Тоҷикистони ҳамсоя дар баробари кишвари мо даъвои қаламрав дорад. Посухи мо ин аст, ки набояд чунин даъво вуҷуд дошта бошад. Чанд рӯз пештар асноди наве пайдо кардем. Бар асоси онҳо медонем, ки бисёре аз мавзеъҳои Қирғизистон ба Тоҷикистон гузаштааст ва инро бо ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ ва таърихӣ исбот карда метавонем. Агар кишвари ҳамсоя аз даъвоҳои арзии худ дар баробари Қирғизистон даст накашад, пас, ба таври қонунӣ иддаои арзии худро нисбат ба ҳамсояҳо матраҳ мекунем."
Таърих такрор мешавад. Хуб аст, ки шахсони оқилу боҳуш ҳамеша аз шакку гумонҳо ранҷ мебаранд, аммо аламовар аст, ки нодонҳо беш аз ҳад ба худ итминон доранд.
Ҳодисаи ду сол пешро ба хотир меорем. Раиси КДАМ ва раиси ҳайати ҳукуматии масоили марзии Қирғизистон Қамчибек Тошиев 26-уми марти соли 2021 дар нишасти матбуотӣ дар Бишкек бо як бетадбирӣ, "коршиносии сабукфикрона" ва бо лаҳни таҳдидомез изҳорот дод, ки "масъалаи Ворух" шомили баҳси марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон мешавад. Ба гуфтаи ӯ, Қирғизистон ба Тоҷикистон ду пешниҳод кардааст:
"Якум, ба таври қонунӣ марзҳои дарунбум (анклав)-ро чен мекунем, ки дигар васеъ намешавад ва омодаем аз тариқи деҳаи Оқсой роҳи гузаштан бидиҳем. Дувумӣ боз сахттар аст – мо омодаем ба ивази Ворух замини дигар бидиҳем. Агар онҳо ин қаламрави 12-ҳазоргектариро дар ихтиёри мо гузоранд, омодаем, ки 12 ҳазор гектар заминро дар ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканд ба онҳо бидиҳем. Мо ҳатто рӯйхати ин мавзеъҳоро додем, вале ҷониби Тоҷикистон то кунун посух надодааст."
Дар дунё миллате бад нест, аммо одамони бад вуҷуд доранд. Агар сиёсатмадор ва дипломат таърих ва одоби дипломатиро надонад, дар ин сурат, ӯ ҳамаро ба ҷанг тела медиҳад.
Дипломатияи қавӣ ба зӯр ва мантиқ ниёз дорад, на ба ҳунари оташбозӣ бо буҳрон, ки сабаби идомаи буҳрон ва афзудани он мешавад.
Бе онки ба шаъну шарафи мардуми қирғиз ва ватандӯстии он латма занам, ба унвони таърихдон, бори дигар такрор мекунам, ки паёми Қамчибек Тошиев берун аз одоби дипломатӣ ва ҳамсоядории нек аст, ки мушкилоти бе ин ҳам ҳассосро ба бунбаст мекашонад. Ба назар мерасад, он бештар ба бозори дохилии сиёсии Қирғизистон нигаронида шудааст.
Ба ҳама маълум аст, ки асоси ба миён омадани баҳсҳои марзӣ ихтилофҳое бар сари таъйини низоми ҳуқуқӣ ва мансубияти қаламравҳои мушаххас аст. Дар ин замина, ҳуқуқи байналмилалӣ роҳҳо ва василаҳои муассири ҳаллу фасли баҳсҳои байнидавлатиро дар мавриди сарҳади давлатӣ пешбинӣ кардааст.
- Баҳси миёни Гвианаи Бритониё (British Guiana) ва Венесуелла (1899);
- Белгия ва Нидерландия (1959);
- Таъйини марзи баҳрӣ дар халиҷи Мэйн (Канада алайҳи Амрико);
- Баҳс ба сари марзи хушкӣ, ҷазираӣ ва баҳрӣ миёни Салвадор ва Гондурас (бо ворид шудани Никарагуа ба қазия);
- Баҳс бар сари марз миёни Бенин ва Нигер;
- Бозбинии қарори қазияи марбут ба баҳси марзи хушкӣ, ҷазираӣ ва баҳрӣ миёни Салвадор ва Гондурас бо вориди қазия шудани Никарагуа аз 11-уми сентябри соли 1992 ва ғайра.
Ин таҷрибаҳо, метавонанд барои ҳаллу фасли баҳсҳои байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон бар сари хати марзи давлатӣ ба андозаи кофӣ муассир бошанд.
Раиси вақти ҳайати ҳукуматии Қирғизистон ва сиёсатмадори кунунӣ эҳтимол бо Қонуни намунавӣ барои ҷумҳуриҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил "Дар бораи сарҳади давлатӣ", ки дар сиюпанҷумин ҷаласаи умумии Ассамблеи Байнипорлумонии кишварҳои узви ИДМ (қарори №35–9 аз 28-уми октябри соли 2010) ошноӣ дошта бошад.
Ассамблеи Байнипорлумонӣ дар солҳои 2010-2012 дар баробари қонуни мазкур барои истифода ва коркарди қонунгузориҳои миллӣ ба порлумони кишварҳои узви ИДМ бастаи намунавии санадҳоеро қабул ва тавсия кард. Инҳо аз қонунҳо "Дар бораи амнияти марзӣ", "Дар бораи ниҳодҳои марзӣ" ва Тавсияҳо дар бораи такмили қонунгузории давлатҳои узви ИДМ дар мавриди масоили танзими масъулият барои нақз дар бахши амнияти марзӣ (17-уми майи 2012 пазируфта шудааст) иборат буданд.
Қонуни намунавӣ "Дар бораи сарҳади давлатӣ" зери назорати Кумисюни доимии Ассамблеи Байнипорлумонии ИДМ дар мавриди масоили мудофиа ва амният бо иҷрои қарори Кумисюни муштараки ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ дар соҳаи мубориза бо терроризм, ҷинояткорӣ ва тиҷорати маводи мухаддир аз 22-юми октябри соли 2008 таҳия шудааст. Қонуни намунавии ёдшуда иловатан ба Нақшаи дурнамои қонуннависии намунавӣ ва наздиксозии қонунгузориҳои миллӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои солҳои 2005-2010 дохил карда шуд.
Мутаассифона, ҷониби Қирғизистон моддаи 4-и Қонуни намунавиро "Дар бораи сарҳади давлатӣ", ки он ҷо ба таври дақиқ асосҳои муҳимтарини ташкили фаъолияти сарҳади давлатӣ таъкид мешавад, риоя намекунад. Аз ҷумла:
- Эҳтироми мутақобил ба соҳибихтиёрӣ, тамомияти арз ва дахлнопазирии марзҳои давлатӣ;
- Ҳалли мусолиматомези масъалаҳои сарҳадӣ.
Принсип ё асосҳои ёдшуда ба тамоми равишҳои ҳуқуқие, ки дар Ёддошти ҳусни тафоҳум (Меморандум) дар бораи ҳифзи сулҳу субот дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (Алмато, 10-уми феврали 1995), Эъломия дар бораи эҳтиром ба соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии сарҳадҳои давлатҳои узви ИДМ (Маскав, 15-уми апрели 1994), ҳамчунин Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои узви Иттиҳод ҷиҳати таъмини вазъи муътадил дар сарҳадҳои берунии онҳо пешбинӣ шудаанд, асос ёфта, комилан мутобиқат мекунанд. Қобили зикр аст, ки созишномаи ахир 9-уми октябри соли 1992 маҳз дар Бишкек пазируфта шуда буд.
Бояд гуфт, ки сиёсатмадори қирғиз Қамчибек Тошиев на танҳо усули эҳтироми мутақобил ба истиқлол, тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии сарҳади давлатиро поймол мекунад, балки ҳамаи шароити қаблан фароҳамшудаеро, ки пеши роҳи даъвоҳои арзӣ ё ҳаводиси дигари вобаста ба нақзи соҳибихтиёрии кишварҳои ҳамсояро мегирифтанд, намоишкорона вайрон мекунад.
Ба ҳама маълум аст, ки ҷониби Қирғизистон усули ҳалли мусолиматомези масоили сарҳадиро ба таври дағалона вайрон кард. Инак, се даҳсола мешавад, ки барои дастёбӣ ба ҳадафҳои муайянаш, равишҳои зӯргӯёнаи таъсиргузории худро намоишкорона нишон медиҳад.
Ба ин тартиб, моддаи панҷуми Қонуни намунавӣ "Дар бораи сарҳади давлатӣ", ки дар он таъйин ва тағйир додани хатти сарҳади давлатӣ дар асоси принсипҳои зерин таъкид мешавад:
- Сарҳади давлатии давлат он марзе мебошад, ки бар асоси шартномаҳои амалкунандаи байналмилалӣ ва асноди қонунгузории Шӯравии собиқ таъйин карда шудааст;
- Марзҳои давлат бо давлатҳои ҳамсоя, ки дар доираи равобити ҳуқуқи байнулмилалӣ расмият надоранд, бояд дар асоси шартномаҳои онҳо таъйин карда шаванд;
- Сарҳади давлатӣ бар асоси созишномаҳои байнулмилалӣ ва санадҳои қонунгузории худи давлат таъйин ва тағйир дода мешавад;
- Асноди санҷиши муштараки сарҳади давлатӣ бо кишвари ҳамсоя, ки ба онҳо тағйироте ворид нашудаанд, аз ҷониби ҳукумати он кишвар тасдиқ карда мешавад.
- Ҳуҷҷатҳое, ки дар бораи тағйирот, дақиқ кардани хати сарҳади давлатӣ дар мавзеъҳо, ки бо мақсади тасдиқи марзи давлатӣ дар асоси созишномаҳои байнулмилалии давлат тартиб дода шудаанд, мутобиқи қонунгузории миллӣ мавриди амал қарор дода мешаванд.
Кишварро бояд аз он сиёсатмадорону дипломатҳое муҳофизат кард, ки наметавонанд аз пайомади амалкардҳои худ биандешанд. Барои зӯргӯйиҳои Тошиев меъёрҳои байнулмилалӣ эътиборе надоранд. Онҳо дарк намекунанд, ки мақоми марзи давлатӣ бо давлати ҳамсоя, маъмулан, бар асоси созишномаҳои байнулмилаии марбута таъйин карда мешавад.
Онҳо принсипи эътирофшудаи умумӣ дар ҳуқуқи байнулмилал - иҷрои софдилонаи масъулиятҳои қарордодӣ (pacta sunt servandа)-ро, ки дар масоили марбут ба таъйин ва тағйири марзҳои давлатӣ аҳамияти фавқулода дорад, пушти по задаанд.
Барои онон моддаи 62-и Муоҳидаи Вена (1968-1969) дар бораи созишномаҳои байнулмилалӣ, ки бар асоси консепсияи суннатӣ таҳия шудааст, арзише надорад. Мувофиқи ин модда, танҳо давлатҳо қаламрав доранд ва танҳо хатҳои нишонагузоришудаи қаламрави давлатҳо сарҳад дониста мешаванд.
Расонаҳо борҳо аз ҳаракати аломатҳои марзии сарҳади давлатӣ ба нафъи Қирғизистон хабару гузориш додаанду медиҳанд. Бо ин рафторҳо шаҳрвандони Қирғизистон моддаҳои шашум ва ҳафтуми Қонуни намунавӣ "Дар бораи сарҳади давлатӣ"-ро дар бораи таъйин ва муҳтавои сарҳади давлатӣ дағалона нақз мекунанд, ки дар онҳо ба таври рӯшан гуфта шудааст:
- Сарҳади давлатии рӯйи замин бо аломатҳои сарҳадии равшан нишон дода мешавад;
- Тавсиф ва тартиби гузоштани аломатҳои сарҳадиро созишномаҳои байнулмилалӣ ва санадҳои ҳукумати давлат муайян мекунанд.
Дар умум пазируфтаанд, ки низомнома ва дастурҳои мушаххас доир ба масоили нигаҳдории сарҳади давлатӣ, маъмулан, дар созишномаҳои махсуси байнулмилалии давлатҳои ҳамсоя дар бораи низоми сарҳади давлатии байни онҳо пешбинӣ шудаанд.
Мувофиқи созиши намояндаҳои босалоҳияти ниҳодҳои яке аз давлатҳои ҳамсоя ҳангоми нопадид, нобуд ё вайрон шудани аломатҳои марзӣ, бояд фавран ниҳодҳои босалоҳияти давлати дигари ҳамсояро хабардор кунанд. Вале ҳамаи ин принсипу дастурҳо аз тарафи қирғизҳо умуман риоя намешаванд.
Бар хилофи меъёрҳои байнулмилалӣ, ҷобаҷогузорӣ ё таъмири аломатҳои харобшудаи марзӣ аксаран аз сӯйи ниҳодҳои ғайримасъули Қирғизистон, мустақилона, бе огоҳӣ ва ҳузури намояндагони ниҳодҳои босалоҳияти Тоҷикистон гузаронида мешаванд.
Ба назар мерасад, ки ниҳодҳои масъули ҳар ду ҷумҳурӣ (ҳам Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон) барои ҳифзу нигаҳдории аломатҳои марзӣ чораандешии лозим намекунанд ва тибқи қонунгузорӣ ҳеч кадоме аз кишварҳои ҳамсоя шахсонеро, ки аломатҳоро гум, вайрон ё нобуд кардаанд, ба ҷавобгарӣ намекашанд.
Пинҳон нест, бар хилофи дастур ва ҳуқуқи байнулмилалӣ, шаҳрвандони Қирғизистон, дарахт, буттаҳо ва растаниҳоро нобуд мекунанд. Ҷониби Қирғизистон ҳамчунин муқаррароти парвариш ва нигоҳубини чорво дар марзҳои давлатиро, ки унсури ҷудонашаванди реҷаи ҳуқуқии сарҳади давлатӣ ва минтақаҳои марзӣ дониста мешавад, дағалона вайрон мекунад; дар манотиқи манъшудаи марзӣ, қирғизҳо замин кишт мекунанд, ҷӯйбор мекананд ё кадом таъсисоти дигаре месозанд. Ҳамаи ин ошкоро ғайриқонунӣ анҷом мешавад.
Ҷониби Қирғизистон моддаи 9-уми Қонуни намунавӣ "Дар бораи сарҳади давлатӣ" ва дигар санадҳои меъёрии байнулмилалӣ дар мавриди корбурди бахшҳои сарҳади давлатиро, ки дар қонунҳои байнулмилалӣ расмият надоранд, дағалона поймол мекунад. Бар хилофи муқаррароти ҳуқуқи байнулмилалӣ, ҷониби Қирғизистон якҷониба амал мекунад. Зимнан, дар моддаи ёдшуда принсипҳои ҳатмии зерин ба таври возеҳ муайян шудаанд:
- Корбурди бахшҳои сарҳади давлатӣ, ки дар доираи санадҳои байнулмилалӣ ба расмият дароварда нашудаанд, тибқи усулҳову меъёрҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байнулмилалӣ, аз ҷумла принсипҳои амали мутақобил, осеб нарасондан ба қоидаҳои мавҷудаи ҳар яке аз тарафҳо дар робита ба эътироф кардан ё накардани ҳуқуқ ё даъвоҳои он, ё асосҳо барои даъвои ҳар давлати дигар бар соҳибихтиёрӣ ё салоҳияти қазоӣ (юрисдиксия), анҷом дода мешаванд.
- Дар бахшҳое аз сарҳади давлатӣ амалӣ намудани тадбирҳое, ки дар ҳуқуқи байнулмилалӣ расмият наёфтаанд, ҳамчун ҷузъи фаъолияти сарҳадӣ, ки асос барои изҳорот, ҳифз ё инкори ҳар гуна даъво бар соҳибихтиёрӣ ё салоҳияти қазоӣ (юрисдиксия) мешаванд, иҷозат дода намешавад.
Мутмаиинам, зӯргӯйиҳои Тошиев дар баробари кишвари ҳамсоя ғайриахлоқӣ аст.
Зимнан, дар моддаи 16-и Қонуни намунавӣ "Дар бораи сарҳади давлатӣ", пешбурди корҳои хоҷагидорӣ ё корҳои дигар дар марзи давлатӣ пешбинӣ мешавад. Бар хилофи ин модда, қисмҳои низомии марзбонии Қирғизистон ва баъзе шаҳрвандони ин кишвар ба саломатии аҳолии Ворух, амнияти зистмуҳитии давлати Тоҷикистон зарар мерасонанд ва ҳамеша барои ҳифзи марзи давлатӣ ва иҷрои масъулиятҳои ниҳодҳои марзбонӣ, монеа эҷод мекунанд.
Дар баробари ин ба сифати таҷриба, қирғизҳо Муоҳидаро дар бораи таъсири садамаҳои саноатии фаромарзӣ (Ҳелсинки, 17-уми марти соли 1992), Муоҳида дар бораи олудагии ҳавои фаромарзӣ дар масоҳати бузург (Женева, 13-уми ноябри соли 1997) ва Протоколи Киото ба Муоҳидаи чаҳорчӯбии СММ дар бораи тағйирёбии иқлим аз 11-уми декабри соли 1997-ро ба эътибор намегиранд.
Барои ҷониби Қирғизистон ҳалли хушунатомези қазияҳои марбут ба режими сарҳади давлатӣ одат шудааст. Таҳқиру паст задани тоҷикон беш аз се даҳсола боз идома дорад. Мезананд, гаравгон мегиранд, мошинҳоро сангборон мекунанд, хонаҳои сокинони тоҷикони маҳаллиро оташ мезананд. Ҳама чиз бадтар мешавад ва ба назар мерасад, ки поён надорад.
Дигар пинҳон ҳам нест, ки заминҳои аз оғози таърих марбути Тоҷикистон аз сӯйи кишвари ҳамсоя дар сатҳи давлатӣ, ҳадафмандона ғасб мешаванд. Дар заминҳои азхудшуда, хеле зуд сокинонро аз кунҷу канори дурдасти Қирғизистон оварда ҷо ба ҷо мекунанд.
Ҳамин тариқ, ҷониби Қирғизистон талаботи меъёрҳои байнулмилалиро дағалона вайрон мекунад, ки дар онҳо равшан гуфта шудааст: "Ҳаллу фасли қазияҳои марбут ба поймол шудани режими сарҳади давлатӣ мутобиқ ба тартибе, ки созишномаҳои байнулмилалии давлат, қонунҳои он, асноди сардори давлат ё ҳукумати давлат пешбинӣ кардааст, анҷом дода мешавад." (Моддаи 17-и Қонуни намунавӣ "Дар бораи сарҳади давлатӣ")
Тавре мебинем, ҷониби Қирғизистон барои ҳалли масоили баҳсӣ комилан талош намекунад, ки аз ҳама имконоту василаҳо ва расмиёти сулҳомези мувофиқ ба ҳолат ва хосияти баҳс истифода барад, яъне василаҳои мусолиматомезро сарфи назар мекунад ва аз амалкардҳое, ки метавонанд боиси ташдиди баҳсҳо шаванд, даст намекашад.
Бо як калима, зӯргӯйиҳои Тошиев дар баҳсҳои худӣ талош мекунад, ки ихтилофҳоро мувофиқи усулҳои ҳалли мусолиматомези баҳсҳои байнулмилалӣ дар фаҳмиши имрӯзии давлатҳои даргири баҳс ҳал накунад. Мутаассифона, дар ин дунё сиёсатмадорон ва дипломатҳое ҳастанд, ки "миёни хуни дасти ҷаллодҳо ва хуни дасти пизишкони дилсоф фарқ нагузоранд".
Сиёсатмадорон ва дипломатҳо, пеш аз он ки машғули сиёсату дипломатия шаванд, бояд бидонанд, ки ахлоқ ҳамчунин одоби сиёсиро низ дар бар мегирад. Дар ғайри сурат, сиёсатмадорону дипломатҳое, ки сиёсат ва ахлоқро аз ҳам ҷудо медонанд, на инро ба таври воқеӣ дарк кардаанд, на онро.
Гуфтугӯ