Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин дар Афғонистон сафири нав таъйин кард


Чин нахустин кишваре шуд, ки баъди ба қудрат омадани гуруҳи Толибон сафири худро дар Афғонистон таъйин кард.

Сафири Чин эътимодномаи худро зимни як маросим дар шаҳри Кобул ба сарвазири ҳукумати Толибон дар Афғонистон супурдааст.

"Ҳадаф идомаи рушди муколама ва ҳамкориҳо миёни ду кишвар мебошад. Сиёсати Чин нисбат ба Афғонистон возеҳ аст", - гуфтааст намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Чин.

Ин бори аввал аст, ки як кишвари хориҷӣ баъди ба қудрат омадани Толибон дар моҳи августи соли 2021 сафири худро дар Афғонистонро расман таъйин мекунад. Дар давоми ин ду сол ягон кишвар ҳукумати Толибонро ба расмият нашинохтааст.

Гуруҳи Толибон дар бештари кишварҳо террористӣ эълон шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG