Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рубли Русия дар муқобили доллар каме “ҷон” гирифтааст. ВИДЕО


Дар як ҳафтаи гузашта қурби рубли Русия дар муқобили доллари Амрико ба қадри қобили мулоҳиза боло рафт.

Як доллари Амрико рӯзи 11-уми сентябр ба 96 рубл ва 76 тин баробар шуд.

Ба ин тартиб, дар се ҳафтаи гузашта рубли Русия дар муқобили доллар беш аз ду дарсад (фоиз) боло рафтааст. Қурби рубл дар муқобили евро ҳам тахминан 2 дарсад афзоиш ёфт.

Максим Орешкин, ёвари иқтисодии Кремл, мегӯяд, рӯзҳои бадтарин пушти сар шудаанд.

Дар миёнаҳои моҳи августи имсол қурби рубли русӣ ба нуқтаи поинтарин дар 17 моҳи охир расида, ба 101,7 рубл дар муқобили як доллари Амрико расида буд.

Он замон, 15-уми август, Бонки марказии Русия ба таври оҷил фоизи бозбидеҳии қарзҳоро ба 12 дарсад боло бурд.

Коршиносон дар суҳбат бо хабарнигори "Рейтерс" тахмин кардаанд, ки шояд дар нишасти ҳафтаи равон Бонки марказии Русия мизони бозбидеҳии қарзро боз ҳам болотар барад.

Поин ва болоравии қурби рубли Русия дар Тоҷикистон ҳам як мавзӯи муҳим аст, чун ҳазорҳо муҳоҷири тоҷик маблағи худро бо рубл ба ватан мефиристанд.

Таҳкими қурби рубли русӣ дар муқобили доллар
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:15 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG