Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Росгвардия муздурони "Вагнер"-ро ба хидмат ҷалб мекунад


Горди миллии Русия (Росгвардия) қабули маҳбусони собиқ ва зархаридони ширкати низомии хусусии "Вагнер"-ро барои хидмат оғоз кардааст.

"Важние истории" навиштааст, танҳо онҳое ба сафи Горди миллии Русия қабул карда мешаванд, ки барои ҷиноятҳои сабук ва миёна дар ин кишвар ба зиндон маҳкум шуда буданд.

Ширкати хусусии низомии "Вагнер" дар тобистони соли гузашта, баъд аз шикасти чандинбораи низомиёни рус дар қаламрави Украина ҷалби маҳбусонро ба сафи худ оғоз кард. Ба маҳбусон бар ивази шаш моҳ ҷанг алайҳи Украина озодӣ ваъда мешуд.

Бино ба арзёбиҳои гуногун, "Вагнер" аз 50 то 70 ҳазор маҳбусро ба сафи худ ҷалб карда буд. Ба гуфтаи раҳбари вақти "Вагнер" Евгений Пригожин, 32 ҳазори ин маҳбусҳо гуё аз ҷанг зинда баргашта, авф шудаанд.

Ахиран паёмрасони марбут ба "Вагнер" хабар дод, ки "дар робита ба ҳодисаҳои ахир" ин ширкат "муваққатан ҷалби ҷангҷӯёнро қатъ мекунад".

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG