Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти марде, ки довталабонро тариқи Мексика ба Амрико мебурд


Як мардро дар шаҳри Самарқанд боздошт карданд, ки ваъда додааст, бар ивази маблағи калон сокинонро ба Амрико мефиристад.

Додситонии кулли Узбекистон гуфт, боздоштшуда барои интиқоли шаҳрванд М.А. ба Иёлоти Муттаҳида тавассути масири Самарқанд-Истанбул-Мадрид-Никарагуа 14 ҳазор доллар талаб кардааст.

Мардро ҳангоми гирифтани 3 ҳазор доллар дастгир кардаанд. Ба зидди ӯ ба гумони "Қаллобӣ" парванда боз шудааст.

Вақтҳои ахир дар Узбекистон ҳолатҳои боздошти шахсоне афзудааст, ки ба "тиҷорат"-и фиристодани сокинон ба Амрико тавассути Мексика даст мезананд.

Додситонии Узбекистон моҳи июли имсол хабар дод, ки ду мард дар шаҳри Тошканд ба гумони қаллобӣ боздошт шудааст. Гумонбарон гуё ба чанд нафар ваъда додаанд, ки дар ивази 30 ҳазор доллар онҳоро тавассути Мексика ба ИМА мебаранд.

Дар моҳи май низ дар Узбекистон мардеро бо ин гумон боздошт карда буданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG