Дар ин бора аввал оҷонси хабарии "Yonhap" бо такя ба ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ иттилоъ дод.
Дертар мақомоти Маскав ва Пхенян вохӯрии раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин ва Ким Чен Инро тасдиқ карданд.
Путин барои иштирок дар Форуми иқтисодии Шарқӣ ба Владивосток рафтааст. Ин шаҳр дар сарҳад бо Кореяи Шимолӣ ҷойгир аст.
Телевизиони YTN-и Кореяи Ҷанубӣ ва бунгоҳи хабарии русии РБК гузориш доданд, ки дидори роҳбарони Русия ва Кореяи Шимолӣ 13-уми сентябр баргузор мешавад.
Бино ба пешбиниҳо, дар вохӯрӣ тақвияти ҳамкориҳои низомӣ баррасӣ хоҳад шуд.
Гуфтугӯ