Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли эълони “мобилизатсия”-и нав дар Русия. ВИДЕО


Расонаҳои Русия аз эҳтимоли басеҷ ё “мобилизатсия”-и нав ба артиш ва ҷанг дар Украина хабар медиҳанд.

Таҳқиқгарони лоиҳаи "Можем объяснить" бо такя ба манбаъҳои худ навиштаанд, ки пас аз интихоботи Русия, яъне то 20 - уми сентябр сафарбарии нав оғоз мешавад.

Гузоришҳо аз нокомии маъракаи ҷалби сарбозони қарордодӣ дар гӯшаву канори Русия эҳтимоли мобилизатсияи навро бештар кардааст. Гуфта мешавад нақшаи ҷалби сарбозони шартномавӣ ҳатто то нисф ҳам иҷро нашудааст.

Мақомоти Русия хабарҳои басеҷ ё сафарбаркунии навро тасдиқ намекунанд, Аммо эълону огаҳӣ ва корҳое, ки дар бархе аз гушаву канори Русия нашру роҳандозӣ шудаанд, аз омодагӣ ба мавҷи нави “мобилизатсия” паём медиҳанд.

Эҳтимоли сафарбарии нав ба артиши Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:57 0:00

Ҳукуматҳои маҳаллӣ маъракаи таблиғи хидмати қарордодиро ба роҳ мондаанд. Губернатори Воронеж ба онҳое, ки фавран ва то охири сол бо Вазорати дифои Русия шартнома мебанданд, пули иловагӣ ваъда додааст. “Шумораи гирандагони ёрии пулии якдафъина ба онҳое, ки барои хидмати ҳарбӣ қарордод мебанданд ва то 120 ҳазор рубл аст, зиёд карда шуд” - омадааст, дар шабакаи Телеграми губернатор ё волии Воронеж.

Маъракаи даъват ба хидмати ҳарбӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ ҳам дар авҷ аст. Дар наворе, ки миёнаҳои моҳи август дар яке аз корхонаҳои саноатии шаҳри Толяттӣ сабт шудааст, нафаре дар либоси низомӣ ба коргарон ваъдаи пули зиёд медиҳад: “195 ҳазор рубл пардохт мешавад. 200 ҳазори дигар баъди бастани қарордод ба хидматчии ҳарбӣ дода мешавад.”

Ӯ таъкид мекунад, ки касеро якбора ба ҷанг намебаранд ва 3 -4 моҳи аввал онҳо омӯзиши ҳарбӣ мебинанд.

Юрий Башкиро, масъули ноҳияи “Автозавод” дар Толяттӣ ҳам дар ин мулоқот ширкат дошт ва гуфт: “Ба шаҳри Толяттӣ тибқи нақша ҷалби 2000 нафар супориш шудааст. Мо каме бештар аз 250 нафарро ҷамъ кардем. Вобаста ба ноҳияҳо ин тақрибан 15 дар сади нақша аст. Агар дар давоми ду моҳи дигар вазъ беҳтар нашавад, мавҷи дуввуми мобилизатсия оғоз меёбад.”

Дар сомонаи ҳукумати ин шаҳр ҳам эълони тарғиби хидмати қарордодӣ бо тамоми имконияту имтиёзҳояш нашр шудааст.

Дар минтақаи Иркутск, ҳамсарони низомиёни рус дар саҳфаву шабакаҳои интернетӣ, даъват доранд, ки муҳоҷирони дорои шаҳрвандии Русия ба ҷанг бурда шаванд.

Ҳамчунин эълону овезаҳое паҳн шудаанд, ки дар онҳо аз сокинон даъват мешавад, ба мақомот дар бораи онҳое хабар диҳанд, ки шиносномаи русӣ гирифтаву қайди ҳарбӣ надоранд.

Мӯҳтавои яке азт ин овезаҳо чунин аст: “Агар ту ягон шаҳрванди нави Русияро медонӣ, ки аз тамоми имтиёзҳои кишвари ту истифода мебарад, аммо тасодуфан фаромӯш кардааст, ки аз қайди ҳарбӣ гузарад, дар ин кор ба ӯ кӯмак кун ва ба комисариати наздиктарини ҳарбӣ занг зан.”

Ин дар ҳолест, ки рейдҳои зидди муҳоҷирон, дар Русия идома доранд. Як рӯз пеш дар як амалиёт дар Санкт Петербург 400 муҳоҷирро тафтишу боздошт кардаанд.

Ба беш аз 50 нафари онҳо, ки шаҳрвандии Русияро доштанд, барои ҳозир шудан ба комисариати ҳарбӣ, даъватнома додаанд. Ҷустуҷуи чунин муҳоҷирон яке аз ҳадафи ин рейдҳо номида мешавад.

Хабарҳо аз эҳтимоли давраи нави мобилизатсия дар ҳоле паҳн мешаванд, ки бино ба оморҳо дар артиши Русия сафи сарбозоне, ки намехоҳанд биҷанганд, зиёд шудааст.

Аз оғози ҷанг дар ин кишвар алайҳи сарбозон барои фирор аз хидмат ва саркашӣ аз ҷанг беш аз 3 ҳазор парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, даҳҳо нафар зиндонӣ гаштаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG