Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Муҳоҷир гуфт, моро инҷо одам намешуморанд"


Муҳоҷирон дар назди як идораи муҳоҷирати Русия.
Муҳоҷирон дар назди як идораи муҳоҷирати Русия.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ба муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар Русия фишор меоранд, то ки пеш аз гирифтани ҳаққи шаҳрвандӣ бо вазорати дифои Русия барои рафтан ба ҷанги Украина қарордод имзо кунанд. Ҳукумати Русия ҳоло саъй дорад, барои кӯмак ба неруҳояш дар ҷанги Украина сарбозони бештарро ба онҷо ҷалб кунад.

Баъди оғози ҷанг, муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистонро ташвиқ мекарданд, ки бо вазорати дифои Русия қарордод баста, ба ҷанг бираванд. Азбаски талабгорони рафтан ба онҷо кам будааст, мақомоти Русия рӯ ба таҳдиду фишор овардаанд.

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон аз шаҳрвандонашон хостаанд, ки ба ҷанги Украина нараванд, зеро бар асоси қонунҳои дохилӣ ширкат дар ҷангу муноқишаҳои хориҷӣ ҷазои сахт дорад.

Татяна Котляр, ҳомии ҳуқуқи рус дар суҳбат бо канали 7X7 дар Телеграм гуфтааст, ки панҷ муҳоҷир бо ӯ дар бораи фишор ба онҳо барои рафтан ба ҷанги Украина шикоят кардаанд. Яке аз онҳо шаҳрванди Тоҷикистон будааст, ки аз рафтори мақомоти идораи муҳоҷират ба вазорати умури дохилии Русия шикоят кардааст ва дар поёни кор зери фишор маҷбур шудааст, ночор Русияро тарк кунад.

Татяна Котляр дар Фейсбук навиштааст: “Баъди шикоят худаш дар бало монд. Ба зидди ӯ барои қонуншикание, ки набуд, парвандаи маъмурӣ боз кардаанд. Муҳоҷир гуфт, моро инҷо одам намешуморанд, бо мо мисли ҳайвон муносибат мекунанд. Ман шаҳрвандии чунин кишварро намехоҳам. Ман билет гирифтам ва ба хонаамон меравам.”

Ба навиштаи Татяна Котляр, ӯ аз рафтори кормандони идораи муҳоҷират ва шиносномадиҳии Русия ба Ваколатдори ҳуқуқи инсон шикоят кардааст, вале то ҳол посухе аз онҷо нагирифтааст.

Михаил Матвеев, муовини раиси Кумитаи сиёсатгузорӣ дар минтақаҳо ва идораи маҳаллӣ дар Думаи давлатии Русия ҳафтаи гузашта гуфтааст, вакилони рус тарҳи қонунеро пешниҳод кардаанд, ки қоидаҳои гирифтани шаҳрвандӣ барои муҳоҷиронеро, ки аз хидмат дар артиш ва ё сафарбарӣ ба сафи неруҳои мусаллаҳи Русия худдорӣ меварзанд, сахттар мекунад.

Матвеев гуфтааст: “”Айни замон ба бовари ман, аъзои оилаи муҳоҷироне, ки аз хидмат дар артиш сарпечӣ кардаанд, аз шаҳрвандӣ маҳрум карда шаванд.”

Қарор аст, тарҳи мазкур ҳамин ҳафта дар Думаи давлатӣ, палатаи поёнии порлумони Русия баррасӣ шавад. Ҳоло бар тибқи қонунҳои Русия, онҳое, ки шаҳрвандии кишварро мегиранд, бояд дар муддати ду ҳафта худро дар комиссариатҳои низомӣ сабти ном кунанд.

Моҳи апрели имсол, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия як қонунеро имзо кард, ки бар асоси ҳар нафаре, ки дар ҳаққи артиши Русия “бадгӯӣ” кунад, аз шаҳрвандии кишвар маҳрум мешавад. Ҳамчунин бар асоси қонуни нав, агар ФСБ, Хадамоти Федералии Амнияти Русия касеро “фарди хатарнок барои амнияти кишвар” арзёбӣ кунад, ӯро ҳам аз тобеияти Русия маҳрум месозанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG