Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодие, ки аз даст рафт: дар ҳукмронии Толибон худкушии занон рӯ ба афзоиш аст. АКС

Дар Афғонистоне, ки соли 2021 ҳукуматаш ба дасти Толибон гузашт, афзоиши ҳодисаҳои худкушии занону духтарон мушоҳида мешавад. Ин кишвар яке аз чанд давлатест, ки ҳодисаҳои қасди ҷони худ кардани занон назар ба мардон бештар мебошад. Баъди аз ҳақи таҳсилу кор маҳрум кардани духтарону занон дар Афғонистон, чунин омор якбора бештар шуд.

Шабона як ояндаи дурахшоне дар пеш дошт, донишҷӯи донишгоҳи тиббӣ буд ва ба тӯи арӯсиаш ҳам омодагӣ медид. Вақте Толибон соли 2021 ҳукуматро ба даст гирифтанду духтаронро аз ҳақи таҳсил дар донишгоҳҳо маҳрум карданд, Шабона маҷбур шуд аз идомаи таҳсилаш даст кашад. Чанде нагузашта домодшаванда ҳам, ки дар хориҷа зиндагӣ мекард, фотеҳаро бекор кард.

Шабона, ки фақат 20 сол дошт, моҳи август дар хонааш дар шаҳри Чорикори вилояти шимолии Парвон қасди ҷони худ кард. Дар Афғонистон вақтҳои охир шумори худкушиҳо дар миёни духтарону занон назар ба мардон бештар шудааст. Ҷомеашиносон чунин фазои фоҷеаборро бо ҷорӣ шудани маҳдудиятҳои иҷтимоӣ барои духтарону занони афғонистонӣ рабт медиҳанд.

Занону духтарон борҳо аз маҳдудиятҳои ҷорикардаи Толибон норозигӣ кардаанд
Занону духтарон борҳо аз маҳдудиятҳои ҷорикардаи Толибон норозигӣ кардаанд

Яке аз аввалин қарорҳои гурӯҳи тундрави Толибон, ки аз августи соли 2021 сари қудрат баргашт, манъи ҳақи таҳсил дар донишгоҳҳо ва баъдан дар мактабҳо буд. Сарфи назар аз интиқоди зиёди ҷомеаи ҷаҳонӣ ин гуруҳ, кори занонро ҳам дар идораҳои давлатӣ ва хусусӣ манъ кард. Рафтуомад, ҳузури занон дар кӯчаву ҷомеа маҳдуд ва ҳама гуна фаъолиятҳои иҷтимоии онҳо ҳам шадидан манъ шуд.

Ҳарчанд табибону фаъолон омори дақиқеро намедонанд, вале аз рӯи мушоҳидаҳои ҳамарӯзаи худ ба чунин хулосае омадаанд, ки дар ду соли гузашта ҳодисаҳои худкушӣ кардани духтарону занон дар Афғонистон хеле зиёд шудааст.

Муҷиб Хпалвак, равонпзишке аз Кобул мегӯяд, “имрӯз дар Афғонистон шумори бештари муштариёни беморхонаҳои рӯҳиро занону духтарон ташкил медиҳанд”. Ин табиб аз таҷрибаи тиббии худ ба чунин хулосае омадааст, ки 90 дарсади он духтарону заноне, ки дар ду соли охир аз мушкилоти равонӣ ва рӯҳӣ шикоят мекунанд, онҳое мебошанд, ки таҳсилдидаву соҳиби кор буданд. Ӯ мегӯяд, “номуайяние, ки бо аз даст додани кору шуғлашон пеш омад, онҳоро дар ҳолати хеле бади иқтисодӣ қарор дод”.

Бисёр бонувони Афғонистон ҳолати барояшон эҷодшударо ба маҳбуси хонагӣ монанд мекунанд. Онҳо мегӯянд, бо омадани Толибон аксар занҳо бекор монданд ва дар вартаи ноумедӣ қарор гирифтаанд.

Мушкили дигаре, ки дар давраи Толибон афзоиш ёфтааст, хушунат алайҳи занон аст. Ҷангиён барномаҳои вижаи ёрии ҳуқуқӣ ва ҳам додгоҳҳои махсус барои муҳокимаи ҳодисаҳои хушунат алайҳи занонро пурра бастанд. Издивоҷҳои барвақтӣ, ки ҳанӯз се-чор сол пеш як масъалаи ошкорои мавриди интиқод ва муборизаи фаъолон буд, ҳоло дубора ба як падидаи одӣ табдил шудааст. Бархе волидоне, ки ба издивоҷи барвақтии духтарони наврасашон розӣ мешаванд, мегӯянд, аз тарси ҷангҷӯёни Толибон ин корро мекунанд.

Фаъоли ҳуқуқи занони Афғонистон Марям Саидӣ мегӯяд, дар чунин шароит худкушӣ барои бисёр духтарону занон танҳо роҳи наҷот аз ин ҳолат арзёбӣ мешавад.

Марям як сокини Кобул аст ва мегӯяд, хоҳари 16-солаи ӯ, ки то синфи шашум хонда бо омадани Толибон дигар натавонист ба мактаб биравад, дучори мушкилоти сангини равонӣ шуд. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои “Афғонистони Озод” гуфт, “вазъи сиҳатии равонии хоҳарам сахт бад мешавад. Баъди ин ҳама озодиҳое, ки аз дасташ гирифтаанд, барояш қабули шароити нав хеле сахт аст”.

Толибон гуфтанд, ки соли 2022 дар ин кишвар 360 нафар қасди ҷони худ кард, вале ҷузъиёте аз ин беш надоданд. Омори ғайрирасмӣ ҳокист, ки баъди суқути ҳукумати рӯ ба ғарби Афғонистон, шумори худкушиҳо миёни бонувон хеле афзудааст.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ соли 2018 дар Афғонистоне бо 40 миллион аҳолӣ шумори афроди дучори мушкилоти равониро 2 миллион нафар ҳисоб карда буд.

Созмони амрикоии зидди гуруснагӣ (Action Against Hunger) дар изҳороте 5 сентябр навишт, ки омори воқеӣ аз ин бештар буда метавонад. Ин созмон гуфтааст, ки Афғонистон бо “як бӯҳрони бесобиқаи мушкилоти равонӣ рӯбарӯ шудааст”.

Сокинони Афғонистон дар вартаи фақру нодорӣ

Бобо Карим 45 сол дорад ва дар Кобул аз роҳи аробакашӣ рӯзӣ ба даст меорад. Мисли ӯ, 90  дарсади аҳолии Афғонистон зери хати фақр ба сар мебаранд. Акс аз 3 сентябр
1/8 Бобо Карим 45 сол дорад ва дар Кобул аз роҳи аробакашӣ рӯзӣ ба даст меорад. Мисли ӯ, 90  дарсади аҳолии Афғонистон зери хати фақр ба сар мебаранд. Акс аз 3 сентябр
Созмони ҷаҳонии ғизо, ки як бахше аз СММ мебошад, гуфт, моҳи ҷорӣ ироаи кӯмакҳо боз ба 2 миллион сокини Афғонистон коҳиш ёфт. Ин созмон аз хатари гуруснагиву ниёзмандии шадиди сокинони Афғонистон дар остонаи зимистони имсола ҳушдор медиҳад. Хонаводаи Карим яке аз онҳо мебошад
Карим дар бозори Кобул интизори фармоиш аст. Пеш аз омадани Толибон дар соли 2021 даромади рӯзонаи ӯ тахминан 5,5 доллар буд, ҳоло ба сахтӣ 2 доллар дар рӯз даромад меёбад
2/8 Карим дар бозори Кобул интизори фармоиш аст. Пеш аз омадани Толибон дар соли 2021 даромади рӯзонаи ӯ тахминан 5,5 доллар буд, ҳоло ба сахтӣ 2 доллар дар рӯз даромад меёбад
Созмони ҷаҳонии ғизо, ки як бахше аз СММ мебошад, гуфт, моҳи ҷорӣ ироаи кӯмакҳо боз ба 2 миллион сокини Афғонистон коҳиш ёфт. Ин созмон аз хатари гуруснагиву ниёзмандии шадиди сокинони Афғонистон дар остонаи зимистони имсола ҳушдор медиҳад. Хонаводаи Карим яке аз онҳо мебошад
Карим дар як хонаи фарсудае бо ҳамсар ва панҷ фарзандаш зиндагӣ мекунад. Се фарзандаш маъюб ҳастанд. Кӯмакҳое, ки оилаи Карим аз Созмони ҷаҳонии ғизо (СҶҒ) ба даст меорад, барои онҳо хеле муҳим аст. Ӯ мегӯяд, аз ояндааш бисёр нигарон аст.

3/8 Карим дар як хонаи фарсудае бо ҳамсар ва панҷ фарзандаш зиндагӣ мекунад. Се фарзандаш маъюб ҳастанд. Кӯмакҳое, ки оилаи Карим аз Созмони ҷаҳонии ғизо (СҶҒ) ба даст меорад, барои онҳо хеле муҳим аст. Ӯ мегӯяд, аз ояндааш бисёр нигарон аст.

Созмони ҷаҳонии ғизо, ки як бахше аз СММ мебошад, гуфт, моҳи ҷорӣ ироаи кӯмакҳо боз ба 2 миллион сокини Афғонистон коҳиш ёфт. Ин созмон аз хатари гуруснагиву ниёзмандии шадиди сокинони Афғонистон дар остонаи зимистони имсола ҳушдор медиҳад. Хонаводаи Карим яке аз онҳо мебошад
Раҳмат, писари Карим аз тирезаи хона ба берун менигарад. СҶҒ мегӯяд, интизор меравад то охири моҳи октябр ба Афғонистон кӯмакҳои ғизоӣ ворид мешавад. Ин ёриҳо бештар барои оилаҳои мисли Карим, ки дар фақри сахт зиндагӣ мекунанд, дода хоҳанд шуд.
4/8 Раҳмат, писари Карим аз тирезаи хона ба берун менигарад. СҶҒ мегӯяд, интизор меравад то охири моҳи октябр ба Афғонистон кӯмакҳои ғизоӣ ворид мешавад. Ин ёриҳо бештар барои оилаҳои мисли Карим, ки дар фақри сахт зиндагӣ мекунанд, дода хоҳанд шуд.
Созмони ҷаҳонии ғизо, ки як бахше аз СММ мебошад, гуфт, моҳи ҷорӣ ироаи кӯмакҳо боз ба 2 миллион сокини Афғонистон коҳиш ёфт. Ин созмон аз хатари гуруснагиву ниёзмандии шадиди сокинони Афғонистон дар остонаи зимистони имсола ҳушдор медиҳад. Хонаводаи Карим яке аз онҳо мебошад
Карим писарашро берун мебарад. Ӯ мегӯяд, СҶҒ ба оилааш ду дафъа ёрӣ кардааст. Ба гуфтааш, ҳар дафъа ин созмон ба ӯ 48 доллар пул додааст. "Ҳарчанд ин пул кофӣ нест, вале ин кӯмаки хеле ҷиддӣ мебошад", мегӯяд Карим
5/8 Карим писарашро берун мебарад. Ӯ мегӯяд, СҶҒ ба оилааш ду дафъа ёрӣ кардааст. Ба гуфтааш, ҳар дафъа ин созмон ба ӯ 48 доллар пул додааст. "Ҳарчанд ин пул кофӣ нест, вале ин кӯмаки хеле ҷиддӣ мебошад", мегӯяд Карим
Созмони ҷаҳонии ғизо, ки як бахше аз СММ мебошад, гуфт, моҳи ҷорӣ ироаи кӯмакҳо боз ба 2 миллион сокини Афғонистон коҳиш ёфт. Ин созмон аз хатари гуруснагиву ниёзмандии шадиди сокинони Афғонистон дар остонаи зимистони имсола ҳушдор медиҳад. Хонаводаи Карим яке аз онҳо мебошад
Шикебо духтари Карим аст, ки аз пушти шишаи хонааш менигарад. Мисли бисёр ҳамсолону духтарони дигар дар Афғонистон, ояндаи ӯ ҳам норӯшан аст.

Созмони ҷаҳонии ғизо мегӯяд, тахминан 20 дарсади хонаводаҳои ниёзманд дар Афғонистон  саробони зан доранд. Ба гуфтаи ин созмон,  бо омадани Толибон ва ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои сахте барои духтарону занон, ки бетаҳсил ва бекор монданд, бӯҳрони иқтисодӣ дар Афғонистон амиқтар шуд.
6/8 Шикебо духтари Карим аст, ки аз пушти шишаи хонааш менигарад. Мисли бисёр ҳамсолону духтарони дигар дар Афғонистон, ояндаи ӯ ҳам норӯшан аст.
Созмони ҷаҳонии ғизо мегӯяд, тахминан 20 дарсади хонаводаҳои ниёзманд дар Афғонистон  саробони зан доранд. Ба гуфтаи ин созмон,  бо омадани Толибон ва ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои сахте барои духтарону занон, ки бетаҳсил ва бекор монданд, бӯҳрони иқтисодӣ дар Афғонистон амиқтар шуд.
Созмони ҷаҳонии ғизо, ки як бахше аз СММ мебошад, гуфт, моҳи ҷорӣ ироаи кӯмакҳо боз ба 2 миллион сокини Афғонистон коҳиш ёфт. Ин созмон аз хатари гуруснагиву ниёзмандии шадиди сокинони Афғонистон дар остонаи зимистони имсола ҳушдор медиҳад. Хонаводаи Карим яке аз онҳо мебошад
Борхалтае бо рамзи ЮНИСЕФ дар як мехи девори хонаи Карим.

Тахминан 75 дарсади сокинони Афғонистон, ки бо омадани Толибон дар инзивои байналмилалӣ қарор дорад, ба ёриҳои башарӣ ниёз доранд.  Донорҳои зиёде аз маҳдудияти таҳмилшуда ба занон интиқод карда, таваҷҷӯҳи худро ба нуқтаҳои дигари бӯҳронии сайёра равона кардаанд

7/8 Борхалтае бо рамзи ЮНИСЕФ дар як мехи девори хонаи Карим.
Тахминан 75 дарсади сокинони Афғонистон, ки бо омадани Толибон дар инзивои байналмилалӣ қарор дорад, ба ёриҳои башарӣ ниёз доранд.  Донорҳои зиёде аз маҳдудияти таҳмилшуда ба занон интиқод карда, таваҷҷӯҳи худро ба нуқтаҳои дигари бӯҳронии сайёра равона кардаанд

Созмони ҷаҳонии ғизо, ки як бахше аз СММ мебошад, гуфт, моҳи ҷорӣ ироаи кӯмакҳо боз ба 2 миллион сокини Афғонистон коҳиш ёфт. Ин созмон аз хатари гуруснагиву ниёзмандии шадиди сокинони Афғонистон дар остонаи зимистони имсола ҳушдор медиҳад. Хонаводаи Карим яке аз онҳо мебошад
Карим мегӯяд, дар фикри ояндаи худу бачаҳояш гоҳо шабҳо хобаш намебарад.

Созмони ҷаҳонии ғизо гуфтааст, то моҳи март ба 1 миллиард доллар ёрии нақдии пулӣ ниёз дорад, то ки ба мардуми ниёзманди Афғонистон кӯмак кунад. Созмон мегӯяд, агар ин ёриҳо нарасанд, дар зимистони сахту сангини имсола минтақаҳои дурафтодаи Афғонистон бетаваҷҷӯҳ мемонанд.
8/8 Карим мегӯяд, дар фикри ояндаи худу бачаҳояш гоҳо шабҳо хобаш намебарад.
Созмони ҷаҳонии ғизо гуфтааст, то моҳи март ба 1 миллиард доллар ёрии нақдии пулӣ ниёз дорад, то ки ба мардуми ниёзманди Афғонистон кӯмак кунад. Созмон мегӯяд, агар ин ёриҳо нарасанд, дар зимистони сахту сангини имсола минтақаҳои дурафтодаи Афғонистон бетаваҷҷӯҳ мемонанд.
Созмони ҷаҳонии ғизо, ки як бахше аз СММ мебошад, гуфт, моҳи ҷорӣ ироаи кӯмакҳо боз ба 2 миллион сокини Афғонистон коҳиш ёфт. Ин созмон аз хатари гуруснагиву ниёзмандии шадиди сокинони Афғонистон дар остонаи зимистони имсола ҳушдор медиҳад. Хонаводаи Карим яке аз онҳо мебошад
пешина
баъдӣ

Дар ҳамин шароит Муҷиб Хпалвак, равонпзишке аз Кобул мегӯяд, дар кишвар василаҳои муолиҷаву табобати чунин дардҳое, ки ба гуфтааш, ба як эпидемия табдил мешаванд, тақрибан вуҷуд надорад.

“Шумори гирифторони бемориҳои рӯҳӣ якбора афзоиш меёбад, вале василаҳои муолиҷаи онҳо кифоят намекунад, - гуфт ӯ. – Бонувони равонпизишк бо сабаби маҳдудият ба кор баромада наметавонанд. Дар ҳоле, ки барои табобати ин гурӯҳи беморон зарурати оҷил пеш омадааст”.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG