Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишварҳои Балтик хостанд, зархаридони "Вагнер" Беларусро тарк кунанд


Лаҳистон, Литва, Латвия ва Эстония аз ҳукумати Беларус талаб карданд, ки ҷангиёни гурӯҳи низомии “Вагнер”-ро фавран аз ин кишвар берун кунад. Дар ин бора Мариуш Куминский, вазири корҳои дохилаи Лаҳистон баъди мулоқот бо вазирони кишварҳои соҳили Балтик хабар дод.

Ба таъкиди Каминский, ҳузури чандин ҳазор зархариди мусаллаҳ дар ҳудуди Беларус ба амнияти сокинони ин кишвар ва тамоми минтақа хатар эҷод мекунад.

Ба гуфтаи вазир, дар сурати рух додани ягон “амалиёти низомӣ” бо иштироки ҷангиёни “Вагнер” Лаҳистон ва кишварҳои соҳили Балтика марзи худро бо Беларус мебанданд.

Каминский ҳамчунин аз афзоиши муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар марз бо Беларус нигаронӣ кардааст. Муҳоҷирон аз ин роҳ кӯшиш мекардаанд ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ворид шаванд. Вазири корҳои дохилаи Лаҳистон аз Лукашенко хостааст, мардуми ҷамъомада дар марзро ба кишварҳои худ баргарданд ва бӯҳрони муҳоҷиратро шадидтар накунад.

Баъд аз исёни нофарҷоми гурӯҳи низомии “Вагнер” дар Русия, дар охири моҳи июн, зархаридони он ба Беларус ворид шуданд. Мақомоти ин кишвар гуфтанд, ҳадаф таълими ҳарбии сарбозони белорус аст.

Лаҳистон ва кишварҳои соҳили Балтик, тасмим доранд таҳкими марз бо Беларусияро шадидтар кунанд. Лаҳистон дар марз сохторҳои иловагии ҳифозатӣ сохтаву шумори марзбононро бештар кардааст.

Хадамоти марзбонии Латвия эълон кард, ки ба низоми пурзӯри ҳифзи марз гузаштааст. Оҷонсӣ аз афзоиши кӯшишҳои убури ғайриқонунии дар марз хабар дод ва низоми Беларусро ба он муттаҳам кард, ки талош дорад вазъро ноором кунад.

XS
SM
MD
LG