Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасадҳоро ёфтаанд, вале ном нагирифтанд


Маҳалли ҳодиса
Маҳалли ҳодиса

Таҳқиқи суқути ҳавопаймои хусусии гурӯҳи “Вагнер” дар вилояти Твери Русия идома дорад.

Ҳавопаймо рӯзи 23-юми август аз Маскав ба Санкт-Петербург мерафт.

Касе аз мусофирон ва сарнишинҳои ҳавопаймои “Embraer-600"-и истеҳсоли Бразилия зинда намондааст.

“Росавиатсия”, Оҷонси нозир ба бехатарии парвозҳои Русия, иброз доштааст, ки дар рӯйхати мусофирони ҳавопаймои сарнагуншуда номи раиси “Вагнер” – Евгений Пригожин ва муовини ӯ Дмитрий Уткин ҳам сабт шудааст.

Хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи Русия ба хабаргузории давлатии РИА Новости иттилоъ дод, ки дар макони суқути ҳавопаймо ҳашт ҷасад ёфт шуд, вале номи онҳоро ошкор накард.

Кремл ва Вазорати мудофиаи Русия ҳам то кунун ҳодисаро шарҳ надода, ҳувияти ҷасадҳоро ошкор накарданд.

Саҳифаи зери назорати гурӯҳи “Вагнер” дар Телеграм марги Пригожинро тасдиқ кард. "Серая ЗОНА" Пригожинро қаҳрамон номид ва навишт, ки ӯ аз дасти "хоинони ватан" ба қатл расид.

Акси Евгений Пригожин ва муовинаш Дмитрий Уткин дар назди бинои "Вагнер". Новосибирски Русия, 24-уми августи 2023
Акси Евгений Пригожин ва муовинаш Дмитрий Уткин дар назди бинои "Вагнер". Новосибирски Русия, 24-уми августи 2023

Ҳамин саҳифа дар гузорише дигар иддао кард, ки Пригожин дар ҳавопаймои дигари гурӯҳи “Вагнер” буд ва он ҳавопаймо дар вилояти Маскав ба замин нишаст. Ин маълумотро то ҳол ягон манбаи дигар тасдиқ накардааст.

Пригожин ду моҳ пеш муқобили фармондеҳони баландрутбаи низомӣ исёни кӯтоҳмуддате бардошта, сипас бар пояи созиш бо Кремл розӣ шуд, ки ҳамроҳи зархаридонаш ба Беларус кӯчад.

Чанд рӯз пеш дар як навор гуфта буд, ки ба қораи Африқо рафта, он ҷо барои озодии африқоиҳо мубориза хоҳад бурд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG