Мақомоти амрикоӣ рӯзи 17 август гуфтанд, ИМА розӣ шудааст, ки ҳавопаймоҳои ҷангии навъи F-16 баъди анҷоми давраҳои омӯзишии пилотҳо тавассути қаламрави Дания ва Нидерландия ба Украина бо ҳадафи ҳимоят аз таҷовузгарони Русия фиристода шаванд.
Украина боисрор пойфишорӣ мекард, ки ин навъи ҳавопаймоҳои ҷангии амрикоӣ барои мубориза бо бартарияти ҳавоии Русия бисёр зарур ҳастанд.
Вопке Ҳукстра, вазири корҳои хориҷии Нидерланди дар паёме, ки дар саҳифааш дар пойгоҳи X, собиқ Twitter навишт, аз қарори Вашингтон барои фиристодани ҳавопаймоҳо ба Украина истиқбол кард. Дания ҳам гуфт, ки ирсоли ҳавопаймҳо ба Украинаро баррасӣ мекунад.