Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба фоида ё зарар? Тарҳи қонун дар бораи блогерон баҳсбарангез шуд. ВИДЕО


Дар Тоҷикистон тарҳи қонунро дар бораи кори блогерон омода кардаанд.

Ташаббускоронаш мегӯянд, мақсад таҳияи заминаҳои ҳуқуқии кори шаҳрвандон дар шабакаҳои иҷтимоист ва сензураи давлатии кори блогерон "ва таъқиби онҳо барои танқид манъ аст". Худи блогерҳо, ки бо матни қонун ошно шудаанд, онро фишанге барои саркӯбӣ аз сӯи мақомот медонанд.

Шаҳрвандонеро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифа доранд ва дар онҳо мунтазам маълумот нашр мекунанд, блогер меноманд. Матлаби онҳо метавонад аз матн, садо, акс ё видео иборат бошад. Солҳои охир матолиби баъзе аз блогерҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои тундеро дар ҷомеаи Тоҷикистон барангехт. Чанде аз онҳо бо ҳукми додгоҳ ва бо иттиҳомҳои гуногун зиндонӣ шуданд.

"Шакли аввали лоиҳа аст"

Манучеҳр Ҳамидзод, муаллифи лоиҳаи қонуни фаъолияти блогерӣ дар кишвар, гуфт, ҳадафи тарҳ мусбат аст ва он ҳам "муайян кардани механизмҳои ҳуқуқии фаъолияти блогерӣ, муайян намудани ҳуқуқу уҳдадориҳои блогерон ва ҳифзи манфиатҳои халқ, давлат, ҷомеа ва худи блогерон."

"Ин ҳоло шакли аввали лоиҳа аст ва шояд бисёр тағйир ва такмил ёбад. Мо фикру пешниҳодҳои ҷомеаро қабул мекунем. Аз ҳоло таклифу пешниҳодҳои зиёде мерасанд ва мо онҳоро баррасӣ мекунем ва шояд ба шакли ниҳоии ин тарҳи қонун дароварда шаванд," – гуфт ӯ рӯзи 17-уми август.

Рустам Гулов, блогери тоҷик ва коршиноси фанновариҳои навин, гуфт, муҳтавои тарҳи пешниҳодӣ зиддиятҳои зиёде дорад. Ба унвони мисол, ба банде ишора кард, ки бо қарори додгоҳ аз байн бурдани маводи нашршудаи блогерро дар 24 соат тақозо мекунад.

"Мисол, вақте дар Фейсбук саҳифа доред ва мехоҳед онро пок кунед, Фейсбук як моҳ фурсат медиҳад. Яъне, фурсат доред, саҳифа ё аккаунти худро дубора барқарор кунед. Ин чӣ мешавад? Яъне, Фейсбук қонуни Тоҷикистонро вайрон мекунад?" – суол гузошт ӯ.

Видеоро дар инҷо бинед:

Қонуни нав ба манфиати блогерҳо хоҳад буд, ё бар зарарашон?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:09 0:00

"Зараровар" ва "ғайримантиқӣ"?

Гулов ҳамчунин аз моддаҳои дигари тарҳи пешниҳодӣ, аз ҷумла, забони ҳатмии тоҷикӣ ё русиву англисии маводи блогерон ва истифодаи лаҳҷа танҳо дар маводи ҳаҷвӣ танқид кард. Мегӯяд, тарҳи қонун асосан ба манзури маҳдудкунӣ ва саркӯби блогерон таҳия шудааст.

Моҳпора Киромова, хабарнигори тоҷик, бовар дорад, баъзе аз дастурҳои тарҳ барои кори блогерон зараровар ва ғайримантиқиянд. Ӯ ба банде ишора кард, ки дар шарҳи матлабҳои блогерон матни таҳқиромезу пастзанандаи шаъну шарафи шахсони дигар набояд ҷой дода шавад.

"Тасаввур кунед, ки дар баъзе аз матлабҳои блогерон ҳазорон ё даҳҳо ҳазор шарҳи бинандаҳо нашр мешаванд ва ҷавобгарии блогер ба изҳори назари тамошобине ғайримантиқӣ аст," -- мегӯяд Моҳпора Киромова.

Ҳуқуқдон Ранҷет Ятимов ин суолро матраҳ кард, ки то куҷо чунин қонун барои блогерони тоҷик зарур аст. Ӯ мегӯяд, қонунҳои зиёде фаъолияти блогеронро танзим мекунанд ва зарурате барои таҳияву тасвиби тарҳи ҷудогонае нест.

Манучеҳр Ҳамидзод, муаллифи тарҳ, мегӯяд, то замони ироаи он ба порлумон ҳамаи пешниҳодҳо баррасӣ мешаванд.

То ҳол ҳеч ниҳоде дар бораи теъдоди воқеии блогерон дар Тоҷикистон иттилоъ намедиҳад. Танҳо дар нишасти ахири Кумитаи андоз гуфтанд, ки ҳоло дар Тоҷикистон 81 блогери молиёт месупоранд ва ин рақам дар муқоиса ба соли гузашта 49 нафар зиёд аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG