Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гапи Озод: "Чаро намегӯянд, ки рафтори як блогери мард чӣ гуна бошад? ВИДЕО


Меҳмонони барнома Афсонаи Акобиршо ва Шуҳрат Қудратов
Меҳмонони барнома Афсонаи Акобиршо ва Шуҳрат Қудратов

Чаро фишори мақомот ба блогердухтарон, боздошту ба узрхоҳӣ маҷбур кардани онҳо, аҳсану офарини васеи корбаронро ба миён овард? Сухан аз ахлоқ аст, ё озодии баён? Метавон гуфт, дар Тоҷикистон пулиси ахлоқ пайдо шудааст?

Мавзуи имрӯзи Гапи Озод меҳмонони мо хабарнигор Афсона Акобиршоева ва Шуҳрат Қудратов ҳуқуқшинос, ки дар гузашта дар Академияи милисаи вазорати умури дохилӣ кор кардааст.

Иқтибосҳое аз барнома:

Шуҳрат Қудратов: “Воқеан солҳои ахир дар Тоҷикистон блогерони зиёд пайдо шудаанд, саҳнаи интернетиро ба манфиати худ истифода бурда дар наворҳои худ аз суханҳои қабеҳ ва рафтори ношоиста истифода мебаранд, ки ба шаъну шарафи миллати тоҷик намезебад. Кормандони интизомӣ зидди чунин блогерҳо чораҷуӣ доранд,ки шумораи онҳо кам шавад ва годоби баёни худро нигоҳ доранд.

Вале ҳамчун собиқ корманди милиса гуфтанӣ ҳастам, кӣ дар ин масъала кормандони интизомӣ аз ваколатҳои худ берун рафтаанд. Чунки вазифаи корманди милиса на фақат мубориза бо ҷинояткорон аст ва ошкор кардани ҷиноят аст, балки пешгирӣ кардан аз ҷиноят ҳам ҳаст. Аммо тавре дида истодаем, ин блогердухтар Фотима Амирхоноваи 18-сола барои видеои худ аз тарафи кормандони милиса ба 10 шабонаруз маҳкум шуд аз тарафи кормандони ҳуқуқ дуруст баҳогузорӣ карда нашудааст.”

Магар паси панҷара андохтани блогердухтар кори дуруст буд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:30:00 0:00

Афсона Акобиршоева: “Агар чунин рафтори блогерҳо воқеан барои ҷомеъа хатар дошта бошад, танзим лозим аст, танзим кори дуруст аст, чунки имрӯз дар Амрико мебинем, ки мехоҳанд “ТИК ТОК”-ро бубанданд, зеро мегӯянд, баъзеҳо зомбӣ шудаанд. Аммо ин шевае, ки кормандони милисаи тоҷик ба кор гирифтаанд, дуруст нест. Онҳо мебоист, бо ин блогери ҷавондухтар суҳбат мекарданд ва як интихоби дуруст пешниҳод мекарданд, на ки ӯро ба ҳабс даҳ шабонарӯз бикашанду нишон диҳанд, ки милиса фаъолияти хуб дорад ва тақрибан 70 дар сади мардум аз милисаҳо ситоишу кунанду ба ин духтар ҳақорату дашномҳои қабеҳ кунанд. Ман фикр мекунам, ки ин кор ғайриқобили қабул аст.”

Радиои Озодӣ: Оё ба 10 рӯзи ҳабс маҳкум кардани ин блогер ба қонунҳои Тоҷикистон мувофиқат мекунад?

Шуҳрат Қудратов: “Ман фикр мекунам, ки Фотима дар суҳбатҳои худ дар видео ҳарфҳои қабеҳро ба забон мебурд, ба чунин ҷазо сазовор набуд, бояд дар ҳаракатҳои ӯ барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳарфҳои қабеҳаро санҷиш мекарданд. Ба ин шакл, ки 10 шабонарӯз маҳкамаш карданд, дуруст набуд.”

Пас чаро ҳоло ба блогерон часпидаанд. Ҳадаф ба дигар тараф будани таваҷҷуҳ аст ва ё нишон додани онки мо ғами фарҳангу урфу анъанаҳои миллии тоҷиконро мехӯрем?

Афсона Акобиршоева: «Дар инҷо ҳадафи аслӣ маҳдуд кардани фаъолияти блогерҳост ва ба самти дигар бурдани таваҷуҳи мардум аст намедонам вале ин баръало маҳдудсозии блогерҳост, барои ин сабабҳо ва решаҳои масъаларо бояд ҷуст. Баъд мардум ва ҷомеа ҳам то андозае айб дорад, ба мавзуҳои муҳими ҷомеъа, ки баъзе блогерҳо ҳарф менависанд, таваҷҷуҳ намекунанд, вале ба ин мавзуъҳои ҳарзагуиву фаҳш таваҷҷуҳи зиёд доранд. Масалан мардум барномаи хуби «Китобхон» дар Ютубро дар як сол 29 ҳазор нафар тамошо кардааст, вале барномаҳои ҳарзагуӣ дар як рӯз 100 ҳазор дида шудааст. Яъне ҷомеа инро меписандад. Дар ин ҷо масъаларо танзим бояд кард. Як муҳтавое лозим аст, ки чунин барномаҳои ба истилоҳ фаҳш дар мадди назари аввал набошанд».

Радиои Озодӣ: Чаро на ҳама мавридҳои дашному таҳқир "амали бадахлоқона" шумурда мешавад ва ҷазо дода мешавад? Мо як намунаро чанд сол пеш дида будем, як афсари баландпояи милиса ҳамкори худро дар ду дақиқа бештар аз 40 маротиба дашноми қабеҳ дод, модару хоҳару зани ҳамкорашро носазо гуфт. Ё даъвои блогер Далери Имомалӣ, ки мегӯяд, ӯро аз зану модар дашном доданд ё Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, ки гуфт дар СИЗО кормандони милиса фишори номусӣ ба вай овардаанд чаро таҳқиқ нашуд? Чораҷуӣ нашуд?

Шуҳрат Қудратов: “Ман дар ин масъала гуфтанӣ ҳастам, ки кормандони умури дохила хеле хуб медонанд, ки бо кадом блогер чӣ тавр рафтор кунанд. Чӣ магар роҳбарони милиса намедонанд, ки кормандашон чӣ кору рафтор дорад? Хуб медонанд ва роҳбарони мақомоти умури дохила ҳам хуб огоҳ астанд, ки зердастонашон ба кадом блогери боздоштшуда чӣ хел рафтор кунанду таҳқиру шиканҷа кунанд. Онҳо ҳатто блогерҳоро ба худию бегона ҷудо кардаанд”.

Афсона Акобиршоева: “Ба назари ман дар инҷо як дар нисбати блогерҳо як амали занситезӣ дида мешавад. Дар ин миён барои ҳарфҳои қабеҳу берун аз одоб ҳеҷ марди блогер ба ҷазо кашида нашудааст. Вақте мегӯянд, ки як блогердухтар дар ҷомеа чӣ гуна рафтори ҳамидаву дуруст дошта бошад, чаро намегӯянд, ки рафтори як блогери мард дар ҷомеа чӣ гуна бошад? Чаро намепурсанд? Мо мебинем,ки дар Ютуб ҷавонону мардҳое ҳастанд, ки ҳақоратҳои қабеҳ мекунанд, вале озодона гаштаанд.”

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG