Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мансабдори тоҷик гуфт, ки чаро ришро “бад” мебинанд


Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон
Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон

Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон дар ҷаласае блогерҳои ришдорро танқид кард ва гуфт, “тарғиби риш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба амнияти давлат хатар дорад.”

Ин мавзӯъ дар мулоқоти масъулони Кумитаи кор бо ҷавонон бо блогерони фаъол рӯзи 26-уми апрел матраҳ шудааст.

Солҳо боз дар Тоҷикистон мақомот ба афроди ришдор бо шубҳа менигаранд ва ҳодисаҳои тарошидани риши садҳо нафар дар идораҳои пулис низ сабт шуда буд.

Абдулло Раҳмонзода дар ин нишаст, ки навори видеоиаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, мегӯяд, мақомоти тоҷик ба он хотир ба бархе афроди ришдор ҳассосият нишон медиҳанд, ки он “чун пайғом ё ҳамфикрӣ бо гурӯҳҳои террористӣ” дониста мешавад.

Ӯ гуфт, ҳаракати мамнӯи Толибон, ки ҳукумати мардумиро дар Афғонистон ғасб кард, ришу ришдориро ташвиқ мекунад ва "як ҷавоне, ки дар Тоҷикистон ба шеваи онҳо риш мегузорад, ин як навъ ҳамрайъи бо онҳо дониста мешавад."

“Бархе нофаҳмида риш мегузоранд ва пайғом медиҳанд, ки биё мо ақидаи туро қабул дорем. Ту ҷонибдор пайдо мекунӣ. Мо ба ин роҳ ба давлатдории миллӣ хатар эҷод карда истодаем. Риш ҳам хусусияти сиёсӣ дорад. Ба хотири амнияти давлат бояд ба ин чизҳо аҳамият диҳем,”-гуфт, Абдуллло Раҳмонзода дар суҳбат бо блогерон.

Диловар Сафаров ва Музаффар Бобораҳматов, блогерони тоҷик, ки дар ин нишаст иштирок доштанд.
Диловар Сафаров ва Музаффар Бобораҳматов, блогерони тоҷик, ки дар ин нишаст иштирок доштанд.

Таъқиб ва фишори ришдорон дар Тоҷикистон дар гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ “нақзи озодиҳои мазҳабӣ” унвон шудааст.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Тоҷикистонро дар поёни соли 2022 дар феҳристи кишварҳое боқӣ монд, ки аз назари озодиҳои динӣ ба гурӯҳи кишварҳои мавриди нигаронии хос дохил мешаванд.

Нозило Қонеъ, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид, ки нимаи моҳи апрел даҳ рӯз дар Тоҷикистон буд, дар нишасте гуфт, дар Тоҷикистон озодии дину эътиқод дар доира ва ё ҳадди муаяйн вуҷуд дорад, вале маҳдуду танзимшуда аст.

Абдулло Раҳмонзода дар нишаст бо блогерон гуфт, риш ҳеч рабте ба диндории сокинон надорад ва мақомот танҳо ба хотири пайравӣ ё ҳамрайъӣ бо гурӯҳҳои ирофтӣ ба он бархӯрд мекунанд.

Соли 2017 мақомоти вилояти Хатлон гуфта буданд, ки риши 13 ҳазор нафарро "ба тартиб даровадаанд."

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG