Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯҳониён ба риояи фарҳанги ришгузорӣ даъват мекунанд


Рӯҳониён дар вилояти Хатлон, ки солҳои ахир аз саллаву дастор то ришу кафши худтро бознигарӣ карда ва зоҳиран хеле замонавӣ шудаанд, ба мардҳои дигар машварат медиҳанд, ки аз ришҳои дароз даст кашианд.

Рӯҳониён: "Риш тибқи суннат як қабза аст"

Имомхатибон дар мулоқотҳо ва дар мавъизаҳои худ аз мардум даъват мекунанд, ки аз риши дарози ба гуфтаи онҳо "бе тартиб", даст кашанд ва аз як қабза бештар риш нагузоранд.

Мақомот мегӯянд, онҳо талош доранд, ки алайҳи либосу фарҳанги "бегона" дар ҷомеа мубориза баранд ва кӯтоҳ кардани риши ба қавли он, "дароз", як бахше аз ин таблиғот аст.

Насриддин Қудратов, имомхатиби масҷиди ҷомеи ноҳияи Панҷ рӯзи 20-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки баъди пешниҳод аз сӯи мақомот, онҳо бар зидди ришҳои дароз дар миёни мардум кор мебаранд.

Ӯ мегӯяд, "ҳамон чизеро, ки дар дастурот буд, таблиғ мекунем. Риш тибқи суннат бояд ба андозаи як мушт бошад. Ҳоло имомхатибҳо хело зебо шудаанд ва дигарон низ бояд оаз онҳо пайравӣ кунанд. Риши дароз баёнгари хубӣ ва маънавиёт нест."

Насриддин Қудратов мегӯяд, ки андозаи риши худаш як мушт, яъне 5 то 6 сантиметр аст ва ӯ инро рише "бо тартиб", унвон мекунад. Ин рӯҳонӣ мегӯяд, ки ҳоло тамоми беш аз 70 имому имомхатиб дар ин ноҳия, ҳамингуна ришҳои ба гуфтаи ӯ, "зебои кӯтоҳ", доранд.

"Ҷанг" бо "риш" дар Хатлон

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар гузашта дар ноҳияи Дӯстӣ аз сӯи мақомоти интизомӣ дастур шуда буд, ки рӯҳониён риши худро кӯтоҳ кунанд ва онҳо ин хоҳиши шифоҳиро ба инобат гирифта, ришашонро қайчӣ заданд.

Мавзӯи риш ду соли пеш дар Хатлон ҳассос шуд ва сару садоҳое баланд шуд, ки мақомот риши мардонро ба таври иҷборӣ кӯтоҳ мекунанд ва ё метарошанд. Ҳамзамон даҳҳо нафар аз сокинон аз инки ришашон маҷбурӣ тарошида шудааст, шикоят карданд.

Наворҳое низ ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва ин пойгоҳҳоро ба мухолифону тарафдорони риш ҷудо кард. Аммо мақомот борҳо гуфтанд, ки риши касе маҷбурӣ тарошида нашудааст, балки аз баъзе мардҳо хостаанд, то риши дарози худро ба тартиб дароранд.

Хатлон дигарбора ришҳоро "тартиб" мекунад

Баъди ду сол дар Раёсати умури корҳои дохилии вилояти Хатлон дигарбора ба "тартиб"-и доштани риш ишора шуд. Искандар Солеҳзода, сардори Раёсати умури дохилаи вилояти Хатлон моҳи гузашта зимни нишасти хабарӣ ишора кард, ки риш бояд "тартиб" дошта бошад. Ӯ афзуд, ки мардон бояд вобаста ба сину сол риш гузоранд.

Искандар Солеҳзода, сардори Раёсати умури дохилаи вилояти Хатлон.
Искандар Солеҳзода, сардори Раёсати умури дохилаи вилояти Хатлон.

Баҳси риш дар мақомоти интизомии вилояти Хатлон дар ҳоле баррасӣ шуд, ки дар тобистони соли 2015 Баҳром Шарифзода, сардори вақти ин ниҳод гуфта буд, ки дар вилоят дар зарфи як сол риши 12 ҳазору 818 нафарро "бо тартиб" дароварданд.

Рустами Сафар, таҳлилгар аз вилояти Хатлон мегӯяд, ки дар як кишвари демократӣ мудохила кардан ба ҳарими хусусӣ суолҳоеро ба миён меорад, вале риши кӯтоҳ барои бузургон ва имомхатибон зарур аст.

Вай дар идома гуфт, "аввал мақомот ба доштани риш мубориза мебурданд, вале хуб аст, ки ҳоло худи рӯҳониён дар мавриди тартиби риш сӯҳбат мекунад. Дар гузашта мақомот ин корро мекард, хусусан кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ки ин дар ҷомеа сару садоро зиёд кард, вале чун нишон дод, ки ин кор намешавад, бо истифода аз афроде мисли имомхатибон ин корро мекунанд. Чун медонанд, ки таъсираш хуб аст."

Мубориза бо фарҳанги "бегона" ё пешгирӣ аз мазҳабишавии ҷомеа?

Дар қонун доштани риш ва андозаи гузоштани риш гуфта нашудааст, вале тибқи гузориши расмӣ, дар дастурамале андозаи риш ва меъёру вобаста ба сину сол гуфта шудааст.

Дар гузашта мақомот гузоштани ришҳои дароз барои донишҷӯён ва кормандони идораҳои давлатиро расман манъ карда буданд. Имомхатибон низ тайи тақрибан чаҳор сол боз ба унвони ходими давлатӣ кор карда, аз ҳисоби давлат маош дарёфт мекунанд.

Мақомот мегӯянд, барои имомхатибон дар чаҳор соли пеш либоси ягона таҳия карданд ва акнун мехоҳанд, онҳо бо риши "ботартиб"-и худ ба мардони дигари кишвар намунаи ибрат шаванд. Ба гуфтаи мақомот, онҳо талош доранд, ки алайҳи либосу фарҳанги "бегона" дар ҷомеа мубориза баранд ва кӯтоҳ кардани риши ба қавли он, "дароз", як бахше аз ин таблиғот аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG