Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршиносон сабабҳои асосии садамаи Кӯлобро гуфтанд. ВИДЕО


Дар ин садама 11 нафар кушта ва 10 нафари дигар маҷруҳ шуд
Дар ин садама 11 нафар кушта ва 10 нафари дигар маҷруҳ шуд

Садамаи пурқурбонӣ дар шаҳри Кӯлоб мавзӯи фасод дар Тоҷикистонро дубора доғ кард.

Дар садамаи рӯзи 6-уми август беш аз 20 нафар куштаву маҷрӯҳ шуданд. Мақомот гуфтанд, тормози мошини боркаш аз кор монда, "Дулан" бо суръат мошинҳои самти муқобилро пахш ва ду хонаро тахриб кардааст.

Шарофиддин Гадоев
Шарофиддин Гадоев

Шарофиддин Гадоев, мухолифи ҳукумат, ки дар гузашта дар Тоҷикистон ширкати боркашонӣ дошт, мегӯяд, зоҳиран ин мошин аз меъёр бештар бор дошта, ташхиси техникӣ нашуда будааст.

"Резинҳои тормози мошин 35-40 дарсад кам шуд, бояд иваз шаванд. Дар чунин ҳолат эҳтимоли аз кор мондани тормоз зиёд аст. Ин мошинҳо борбардориашон 18 тонна аст ва “притсепаш” 8 тонаву 200 килограм. Вақте аз нишеб поён мешавад ва бори вазнин фишор меорад, дигар тормоз мошинро нигоҳ дошта наметавонад,"-гуфт ӯ.

Ин мухолифи ҳукумат иддао дорад, ки мошин мутаалиқ ба яке аз ширкатҳои Шамсулло Соҳибов, домоди Эмомалӣ Раҳмон аст. Ба гуфтаи ӯ ширкате, ки бояд мошинҳоро аз ташхис гузаронад низ, тобеи домоди президент аст.

Ин ҳарф чанд рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ садо медиҳад, ки мошини боркаш мутааллиқ ба як ширкати зери назари Шамсулло Соҳибов, яке аз домодҳои Эмомалӣ Раҳмон аст, вале ҳанӯз ӯ ба ин хабарҳо вокуниш накардааст.

Мошини боркаше, ки дар Кӯлоб ба садама дучор шуд, аз Чин молҳои мактабӣ меовардааст. Шарофиддин Гадоев мегӯяд, барои ба даст овардани фоидаи бештар аз меъёр бештар бор мекунанд.

"Агар шумо 18 тонна бо куб бор карда биоред, мешавад 6 ҳазор доллар, вале агар 36 тона биоред, мешавад 10 ҳазор доллар, ки чор ҳазор доллар фоида мешавад. Барои ҳамин дар ин мошинҳо зиёд маҳсулот бор мекунанд."

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Коршиносон садамаи маргбори Кӯлобро бо фасод рабт медиҳанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:02 0:00

Дар роҳи самти Хоруғ-Кӯлоб дар ним сол бори дуюм аст, ки мошинҳои боркаш ба садама дучор мешаванд. Дар садамаи моҳи март се нафар дар ҳамин хиёбони Кӯлоб кушта шуда буд. Ронандаҳои собиқадор мегӯянд, роҳи нишеби тӯлоние, ки аз Шамсиддин Шоҳин ба Кӯлоб меояд, бояд тағйир дода шавад. Файзиддин Зарифов, ронандаи собиқадор мегӯяд, ин роҳ набояд бо чунин шакл дароз то дохили шаҳр нишеб бошад.

“Дар замони шӯравӣ дар ағбаи Чормағзак ҷои ташхиси автобусҳо буд. Аввал месанҷиданд ва баъд иҷозаи ҳаракат медоданд. Онҷо бояд дидбонгоҳҳо бошанд, ки назорат кунанд ва нагузоранд, ки бори вазнин бор кунанд. Якум сабабаш ҳамин, ки бори вазнин бор мекунанд ва тормоз намеқапад.»

Дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна ҳар рӯз то се нафар дар садамаҳои роҳ кушта ва наздик ба даҳ нафар маҷрӯҳ мешаванд. Коршиносон решаи аслии садамаҳоро фасодкорӣ медонанд.

Зафар Сӯфӣ
Зафар Сӯфӣ

Зафар Суфӣ, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, «вақти гирифтани гувоҳи ронандагӣ, вақти назорати техникӣ ва вақте туро нозир роҳ бозмедораду бо ришва раҳо мешавӣ, дигар оқибаташ садама аст. Дигар вақте одам бо ришва осон кораш буд мешавад, дигар нуқсашро ислоҳ намекунад.»

Пас аз афзоиши садамаҳо чанд мақомдори Бозрасии давлатии автомобилӣ барканор шуд. Мақомот ваъда додаанд, ки нозирони тасодуфиро аз кор пеш мекунанд ва вазъро ислоҳ мекунанд. Коршиносон мегӯянд, то замоне порадиҳиву порагирӣ аз байн наравад, вазъ тағйир нахоҳад кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG