Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот: Дар садамаи Кӯлоб 10 нафар ҷон бохт, 11 тан захмӣ шуд. АКС


Пайомадҳои садама
Пайомадҳои садама

Мақоми беҳдоштӣ мегӯянд, ки дар садамаи шоми якшанбе дар шаҳри Кӯлоб 10 нафар ҷон бохта, 11 тани дигар захмӣ шудаанд. Вазъи шуморе аз захмиҳо вахим гуфта мешавад.

Шарофиддин Рустамов, сардори Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб рӯзи 7-ум август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки 8 нафар дар ҷойи ҳодиса ва 2 нафари дигар дар беморхона ҷон бохтанд.

Ба гуфтаи Рустамов, 11 нафари дигар захмҳои гуногун бардошта, дар беморхона бистарӣ ҳастанд. Ӯ вазъи ду нафар аз захмиёнро вазнин арзёбӣ кард. Ба гуфтаи сардори Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб, дар миёни фавтидаҳо як кӯдак ҳам ҳаст.

Бархе манобеъ дар Беморхонаи ёрии таъҷилии Кӯлоб шаби гузашта шумори қурбониёни ин ҳодисаро бештар гуфта буданд. "Даҳ ҷасадро ба сардхона интиқол додем. Чор нафари дигар дар роҳ то беморхонаи марказӣ ҷон доданд. Ҳанӯз як омори дақиқ нест, чун захмиёнро ба беморхонаҳои шаҳр мебаранд ва маълум нест, онҳо дар кадом ҳолатанд", -гуфта буд, як пизишки Беморхонаи ёрии таъҷилии Кӯлоб.

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи минтақаи Кӯлоб гуфтанд, "Дулан"-е, ки ба садама дучор шуд, пур аз молҳои канселярӣ будааст.

То кунун ҳеҷ ниҳоде иттилои дақиқ дар бораи теъдоди фавтидаҳо, сабаби садама ва шахсияти ронандаи "Дулан" ироа накардааст.

АКСҲО АЗ ҶОЙИ ҲОДИСАРО ИНҶО БИНЕД:

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон хабар дод, ки президент Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаҳои ҳалокшудаҳо ҳамдардӣ кардааст. Бар пояи ин хабар, оқои Раҳмон ба ниҳодҳои давлатӣ дастур додааст, ки ба оилаҳои қурбониён кӯмаки моддӣ расонанд ва хонаҳои зарардидаро барқарор намоянд.

Тибқи иттилои расмӣ, ҳодиса соати 19:30-и 6-уми август дар шоҳроҳи "Душанбе-Кулоб-Хоруғ", воқеъ дар кӯчаи Ҷумъа Алии шаҳри Кӯлоб рух додааст. Бар асоси хабари ВКД, мошини боркаши тамғаи “Дулан”, ки аз пушт ядак (прицеп) доштааст, бинобар аз кор мондани "тормоз" ба садама дучор шудааст.

Ба гуфтаи шоҳидон, мошини боркаш аз нишебии самти ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо суръати баланд поён шуда, дар назди бозори "Сомонӣ"-и Кӯлоб ба самти муқобили роҳ ҳаракат карда, чандин мошинро пахш карда, ду манзили зистро тахриб кардааст.

То бозори “Сомонӣ”-и Кӯлоб мошинҳои боркаш тақрибан 20 километр аз ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сарнишеб меоянд. Дар гузашта ҳодисаи шабеҳи инро мақомот аз кор боз мондани “тормоз”-и мошин бар асари бетанаффус поён шудан ва бори аз меъёр бештар бор кардан дар мошинҳои боркаш гуфта буданд. Аз тариқи ин роҳ бо мошинҳои боркаш бештар аз Чин молу маҳсулот ворид мекунанд.

Дар моҳи марти имсол низ як мошини боркаш дар ин маҳал ба садама дучор шуда буд. Дар он ҳодиса ронанда ва ду мусофир ҳалок шуда буд.

XS
SM
MD
LG