Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили амрикоӣ хостааст, монеаи тиҷорати ИМА бо Тоҷикистонро аз байн бардоранд


Крис Марфи, вакили мардумии Сенати Амрико
Крис Марфи, вакили мардумии Сенати Амрико

Яке аз вакилони мардумии шинохтаи Амрико аз Конгресс ва ё порлумони ин кишвар хостааст, санади қадимаеро беэътибор кунад, ки намегузорад, Иёлоти Муттаҳида бо Тоҷикистону Қазоқистону Узбекистон тиҷорат ва додугирифти васеъро ба роҳ монад.

Крис Марфи, узви Кумитаи Равобити Хориҷии Сенати Амрико дар як шарҳе, ки маҷаллаи “Дипломат” рӯзи 26-уми июл нашр кард, навиштааст, беэътибор кардани санади Ҷексон-Ваник аз соли 1974 ҳам ба нафъи Амрико ва ҳам ба нафъи се кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳад буд.

Дар шарҳи Крис Марфи омадааст, ҳукумати Амрико бояд бо назардошти тағйироти геополитикӣ дар ҷаҳон ҳамкориҳояш бо кишварҳои Осиёи Марказиро бознигарӣ ва амиқтар кунад. Дар ин шарҳ омадааст: “Муддати бисёр дарозе, Амрико дар канор истод, аммо дар ин миён Русияву Чин нуфузи бузурге дар кишварҳое ба мисли Қазоқистону Узбекистону Тоҷикистон эъмол карданд.”

Крис Марфи гуфтааст: “Мутаасифона, қонуни қадимае дар роҳи мо истодааст.” Манзури ӯ тағйироти Ҷексон Веник дар Қонуни федеролии тиҷорати Амрико аз соли 1974 аст, ки бар асоси он ҳукумати Амрико ҳақ надорад, бо кишварҳое, монеи муҳоҷирати яҳудиён ва дигар аққалиятҳо аз шӯравии собиқ мешуданд, тиҷорату додугирифти маъмулӣ дошта бошад.

Ба қавли вакили мардумии Амрико, беэътибор кардани санади мазкур ва додани ҳаққи тиҷорати маъмулӣ бо Тоҷикистону Узбекистону Қазоқистон, ки маҷмуи маҳсулоти дохилиашон солона 280 миллиард долларро ташкил медиҳад, ҳам ба нафъи тоҷирону соҳибкорони Амрико мешавад, ки дастрасии беҳтарро ба минтақаву манобеи табии он фароҳам месозад ва ҳам имкон медиҳад, кишварҳои минтақа иқтисоди худро инкишоф дода, ҷойи кори зиёдтар биёфаранд ва зиндагии мардумонашонро беҳтар кунанд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар гузашта аз мақомоти Амрико хостааст, номи кишварро аз феҳрасти "Ҷексон - Вэник" бардорад.

Ҳаҷми тиҷорати солонаи Тоҷикистону Амрико зиёд нест, вале Иёлоти Муттаҳида ҳар сол ба Душанбе даҳҳо миллион доллар барои иҷрои барномаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва тандурустӣ кумак мекунад ва кумаки он дар даҳсолаҳои гузашта аз 2 миллиард доллар ҳам гузаштааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG