Дар ин нишаст, ки намояндагони доираҳои тиҷоратии Вашингтон ва ҳам сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат доштанд, Нуриддин Шамсов, сафири Тоҷикистон дар Амрико аз доираҳои тиҷоратии Амрико хост, ки ба Тоҷикистон кӯмак кунанд, то ин кишвар аз қонуни Ҷексон-Веник озод бошад ва ба мамонеаҳое, ки ин қонун пешбинӣ мекунад, дучор нашавад.
Охири соли 2012 Тоҷикистон баъди талошҳои 11-солааш ба узвияти Созмони Ҷаҳонии тиҷорат шомил ва ӯҳдадор шуд, ки фазои бози тиҷорат ба вуҷуд меорад ва ҳамгироиаш бо тиҷорати ҷаҳониро суръат мебахшад.
Нуриддин Шамсов гуфт, ки "ҳукумати Тоҷикистон иродаи азми қавӣ дорад, марҳилаи гузор ба бозори иқтисодиро комилан такмил кунад, ки он ҷавобгӯи муқаррароти тиҷорати ҷаҳонӣ бошад". Ба қавли ӯ, Тоҷикистон пеш аз ҳама "ба он бартарӣ медиҳад, ки ба истиқлоли энержӣ, амнияти ғизоӣ даст ёбад ва аз монеаҳову мушкилоти рафту омад ва интиқоли коло раҳо шавад, зеро он кишварест, ки дар бунбаст қарор дорад".
Қонуни Ҷексон-Веник дар соли 1974 дар Амрико ба тасвиб расид ва он вақт ҳадафаш кишварҳои Шӯравии пешин буданд, ки бозори озоди иқтисодӣ надоштанд ва метавонистанд ба муносиботи тиҷоратии Амрико зарар расонанд.
Ҳоло кишварҳои Шӯравии пешини Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон мехоҳанд дар чаҳорчӯбаи ҳамкорӣ бо Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ва чун узви ин созмон бо Амрико тиҷорати озод дошта бошанд.
Замоне, ки Қонуни тиҷорати Амрико бо номи қонуни Ҷексон-Веник ба тасвиб расид, дар кишварҳои Шӯравии пешин озодии муҳоҷират ва баъзе ҳуқуқҳои башар маҳдуд буд. Ҳоло кишварҳои Осиёи Марказӣ дар тиҷорати худ озоданд ва мехоҳанд мамнуиятҳоеро, ки қонуни Ҷексон-Ваник замоне пешбинӣ карда буд, лағв шавад. Ин илова ба қонун бо исми ташаббускоронаш - конгрессменҳо Ҳенрӣ Ҷексон ва Чарлз Веник қабул шудааст.

Корбарони азиз аз шумо хоҳиш мекунам сурати интернетро соз кунед
Салом алайкум ҳамватанони азиз агар дар Тоҷикистон ҳаммаи кампания бо суръати баланд интернетро месохтанд 9 млн одам дар кишвар аз суръати пас и интернетрда азоб намекашуд
Гадои сар шуд
Мардуми содда, гумон мекунанд, ки бо хондани намоз дар масҷид ҳамаи мушкили зиндагиашон ҳал мешавад. Агар шабу рӯз намоз хонӣ фоида надорад, то кор накунд як луқма нон ёфта наметавонед. Ба умеди биҳишт нашавед, ки аз афсона беш нест. Ба умеди ҳеҷ кас нашавед, аз худатон намонед.
озоди метонед нотарсида акнун калимаи муҳоҷирро ба ҒУЛОМИ қари 21 иваз кунед ин мигрция аз имруз пас хариду фуруши қонунии ғуломон меша