Пайвандҳои дастрасӣ

Қазоқистон як фаъоли мадании русро дастгир кардааст


Мошини пулиси Қазоқистон.
Мошини пулиси Қазоқистон.

Фаъоли маданӣ аз шаҳри Тула Андрей Павлов, ки дар Русия бо гумони "бадномсозии такрории артиш" ҷустуҷӯ мешавад, дар шаҳри Остонаи Қазоқистон дастгир шудааст.

Лоиҳаи ҳомӣ аз русиягиҳо - "Точка невозврата" навиштааст, ки пулиси пойтахти Қазоқистон боздошти фаъоли мадании русро шарҳ намедиҳад.

Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқ, Павлов ба муҳлати сешабонарӯз ҳабс шуда, ба ӯ Бюрои ҳуқуқи инсони Қазоқистон кумак мерасонад. Фаъоли рус аз дохили боздоштгоҳ аз мақомоти Қазоқистон дархости паноҳандагӣ кардааст.

Андрей Павлов моҳи марти соли 2022 бо ҷурми бадномсозии артиши Русия 40 ҳазор рубл ҷарима шуда буд. Тибқи маводи парванда, ӯ дар либоси худ парчами Украина ва навиштаи "Путин stop war"-ро часпондааст.

Зидди Павлов моҳи августи соли гузашта бо иттиҳоми "бадномсозии такрории артиши Русия" дубора парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст. Ба гуфтаи муфаттишон, вай дар шабакаи иҷтимоии русии "ВКонтакте" ҳафт матлаби танқидӣ дар бораи ҷанги Украина нашр кардааст.

XS
SM
MD
LG