Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сохтмони шаҳри навро дар Қирғизистон шуруъ карданд


Тарҳи шаҳри нав дар Қирғизистон
Тарҳи шаҳри нав дар Қирғизистон

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) рӯзи 30-юми июн санги асоси шаҳри Асманро дар соҳили кӯли Иссиқкӯл гузошт. Вай гуфт, мақомоти кишвараш тасмим доранд, "шаҳри инноватсионӣ"-е созанд, ки "ба маркази иқтисодиву сайёҳӣ" табдил хоҳад шуд.

Ҳадафи асосии бунёди Асманро Ҷабборов рушди сайёҳӣ ва имкониятҳои сармоягузории Қирғизистон номид. "Шаҳри Асман васлгари молӣ хоҳад шуд, ки Шарқу Ғарб, Шимолу Ҷанубро ба ҳам хоҳад пайваст!", - гуфт вай.

Ҷабборов илова кард, дар таҳияи тарҳи шаҳр ва оғози сохтмони он аз буҷети кишвар маблағ харҷ нашудааст. Вай гуфт, сармоягузорони хориҷие ҳастанд, ки ҳавасманди иҷрои чунин тарҳанд.

Руслан Акматалиев, муаллифи тарҳ пештар дар суҳбат бо расонаҳо гуфта буд, ки сохтмони шаҳр 20 миллиард доллар харҷ хоҳад дошт.

Шаҳр дар майдони 4 ҳазор гектар ва барои 500-700 ҳазор сокин сохта мешавад. Бино ба нақшаҳои мавҷуд, сохтмони шаҳр 7-10 сол идома мекунад.

Баъзе аз фаъолон дар Қирғизистон ба зидди сохтмони шаҳр баромад карданд. Ба бовари онҳо, сохтмони шаҳр дар соҳили Иссиқкӯл метавонад боис ба фоҷиаи экологӣ шавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG