Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи ҳукумати Тоҷикистон барои танзими муҳоҷират


Солона ҳудуди як миллион нафар аз Тоҷикистон ба муҳоҷират мераванд
Солона ҳудуди як миллион нафар аз Тоҷикистон ба муҳоҷират мераванд

Ҳукумати Тоҷикистон барномаи танзими муҳоҷиратро то соли 2040 баррасӣ кардааст. Коре, ки садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳисоби он рӯзии худро меёбанд. Маҷлиси ҳукумат рӯзи 29-уми июн дар Душанбе гузашт.

Дафтари матбуоти президент нагуфт, ки мансабдорон дар бораи муҳоҷират дар ҳабдаҳ соли оянда чӣ гуфтанд. Аммо барнома ҳанӯз соли 2021 қабул шуда, дар он аз ҷумла муҳоҷирати кории тоҷикон ба Русия ва кишварҳои дигар зикр шудааст.

Дар яке аз бандҳои ин санад гуфтаанд, шумораи онҳое, ки аз кишвар берун мераванд, назар ба онҳое, ки ба Тоҷикистон бароикор меоянд, “чанд маротиба зиёдтар аст”.

Ин ҳолат, ба гуфтаи мақомот, “Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои таъминкунандаи кадрҳои баландихтисос” аз ҷумла барои Русия табдил дода, дар айни замон боис ба кам шудани нерӯи кории босифат ва дар натиҷа коҳиш ёфтани иқтидори илмӣ, зеҳнӣ ва дар умум иқтисоди ҷумҳурӣ гардидааст.

Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба сабаби бекорӣ ва набудани маоши кофӣ ба Русия ва давлатҳои дигар мераванд.

Қисме аз онҳо бо дарёфти шаҳрвандии Русия шароити будубошихудро бештар кардаанду аз имтиёзҳои давлатӣ баҳра мегиранд, вале қисми дигар бо патент кор мекунанду ҳар чанд вақт ба гуноҳи вайрон кардани қоидаи зист дастгиру ронда мешаванд.

XS
SM
MD
LG