Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон 93 муштарии як қаҳвахона заҳролуд шудаанд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

93 муштарӣ баъди истеъмоли ғизо дар қаҳвахонаи "Ризик Раяна" дар шаҳри Кентауи Қазоқистон бистарӣ шудаанд.

Ба иттилои бемористони марказии шаҳри Кентау, муштариҳо шуруъ аз 27 июн бо шикояти заҳролудшавӣ ба бемористон муроҷиат кардаанд. Миёни заҳролудшудаҳо се зани ҳомила ва 41 кӯдак низ ҳаст.

"Ҳамаи беморон аз тасфи баланд ва дилбеҳузурӣ шикоят доранд. Ҳамаи онҳо бемориашонро ба истеъмоли ғизо дар қаҳвахонаи "Ризик Раяна" рабт медиҳанд. Фаъолияти қаҳвахона ҳоло манъ шуда, тафтиши он шуруъ шудааст", - хабар дод Айжан Есмагамбетова, як масъули беҳдоштии шаҳри Кентау.

Пулис низ дар пайи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта низ дар Кентау 168 муштарии як қаҳвахона заҳролуд шуда буданд.

XS
SM
MD
LG