Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фоҷиаи "Титан" дар назди киштии "Титаник". ВИДЕО


Зеридарёии "Титан" рӯзи якшанбе ба уқёнус ғӯта зад
Зеридарёии "Титан" рӯзи якшанбе ба уқёнус ғӯта зад

Фармондеҳони Горди соҳилии Амрико хабар доданд, ки сарнавишти панҷ сарнишини киштии "Титан" бо фоҷиа анҷом ёфтааст. Бо ин хабар ҷустуҷӯйи байнулмилалии сафинаи хурди зериобӣ, ки ба дидани "Титаник" рафта буд, ба поён расид. Як роботи зеридарёӣ рӯзи 22-юми июн пораҳои онро пайдо кард.

"Хулосаи мутахассисони фармондеҳии умумӣ ин аст, ки киштӣ бар асари аз байн рафтани фишори дохилӣ таркидааст," – гуфт Ҷон Могер, фармондеҳи Горди соҳилии Амрико.

Дар ин фоҷиа

  • миллиардер ва кашшофи бритониёӣ Ҳемиш Ҳардинг;
  • тоҷири сарватманди покистонӣ Шаҳзода Довуд
  • ва писари 19-солааш Сулаймон;
  • уқёнусшиноси фаронсавӣ Пол Ҳенрӣ Наргеолет ва
  • муаасис ва раиси ширкати Оушн Гейт (Ocean Gate), офарандаи Титан Стоктон Раш

ҳалок шуданд.

"Ин як қазияи фавқулода печида буд ва мо ҳанӯз кор мекунем, ки ҷузъиёти фалокат ва талафотро маълум намоем," – гуфт Ҷон Могер.

Панҷ сарнишини "Титан"
Панҷ сарнишини "Титан"

Зеридарёии "Титан" рӯзи якшанбе ба уқёнус ғӯта зад ва барои 96 соат оксиген дошт. Ба гуфтаи "Оушн Гейт" (Ocean Gate) қарор буд, дар ду соат ба маҳалли "Титаник" бирасад, аммо пас аз ғӯта задан иртиботи он бо киштии боло қатъ шуд.

Гуруҳҳои наҷот аз чанд кишвар чанд рӯз ҳазорон километри мураббаъро бо киштиву ҳавопаймо ҷустуҷӯ карданд, то нишонеро аз он ёбанд. Баъд аз онки ҳавопаймоҳои ҷустуҷӯии Канада садои "кӯбидан" ба оҳанро бо савтшиносҳои ҳассосашон сабт карданд, умедвориҳо барои ёфтани сарнишинон зиёд шуд.

Вале Ҷон Могер гуфт, садоҳо аз "Титан" набуд: "Ба назар мерасад, ки ҳеч иртиботе байни садоҳо ва бистари уқёнус набуд. Дигарбора мегӯям, ки таркиши фалокатбори сафина садои қавиеро ба вуҷуд меовард, ки савтгирҳо сабт мекарданд."

Видеоро дар инҷо бинед:

Марги "Титан" дар назди киштии "Титаник"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:23 0:00

Крис Браун, дӯсти Ҳамиш Ҳардинг, аз бими нигарониҳои амниятӣ аз сафар дар Титан даст кашидааст: "Қисмате аз зердарёӣ, ки дар Баҳама озмоиш карданд, барои ман содда ба назар расид. Онҳо аз лӯлаи киштии оддӣ абзори тавозун дуруст карда буданд ва аз василаи Xbox барои идора истифода бурдаанд. Барои ман сарпечии онҳо аз гирифтани иҷоза нигаронкунанда буд."

Суолҳо дар бораи амнияти "Титан" соли 2018 дар як конфронс дар бораи зердарёиҳо матраҳ шуда буд.

Яке аз мутахассисони собиқи "Оушн Гейт" ҳам дар шикоят ба додгоҳ айни нигарониро матраҳ кардааст. Худи "Оушн Гейт" дар як баёния гуфт, ки “дар ин замони фоҷиа дили мо барои ҳамаи ин панҷ рӯҳ ва ҳар узви оилаи онҳо ғам дорад.”

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG