Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Каримҷон Аҳмадов: "Русия мисли "Титаник" аст, Тоҷикистон часпида ба он" ВИДЕО


Каримҷон Аҳмадов, муовини пешини вазири иқтисоди Тоҷикистон
Ширкати Moody’s охири моҳи марти имсол гуфт, ки рутбаи эътибори қарзии Тоҷикистонро аз нав арзёбӣ мекунад. Ҳадафаш ҳам маълум кардани он аст, ки тавоноии ҳукумати Тоҷикистон дар қарз гирифтан ва баргардонидани он суст шудааст ё не. Дар бораи ин масъала бо Каримҷон Аҳмадов, муовини собиқи вазири иқтисоди Тоҷикистон, ки муқими Канада аст, суҳбате доштем.

Радиои Озодӣ: Баёния дар бораи арзёбӣ барои эҳтимолан поён бурдани рутбаи эътибори қарзӣ ба чӣ маъност?

Бо назардошти кам шудани интиқоли пул, афзоиши таваррум ва болоравии мунтазами қимати маводи сӯхт, Тоҷикистон вазъи бадтаре хоҳад дошт. Мисли Қирғизистон ё шояд бадтар.

Каримҷон Аҳмадов: "Албатта, ҳамаи оҷонсиҳои эътиборсанҷии ҷаҳонӣ тавоноии кишварҳои ҷаҳонро бодиққат пайгирӣ мекунанд, аз ҷумла Тоҷикистонро ҳам. Шумо медонед, ки рутбаи эътибори қарзии Русия, Украина ва Ҷумҳурии Беларусро бознигарӣ карданд. Гузориш шуд, ки эҳтимол дорад ширкати Moody’s рутбаи эътибори қарзии Тоҷикистонро, ки “B3” аст, бознигарӣ кунад ва шояд поён барад. Ҳоло рутбаи эътибори қарзгирии Тоҷикистон барои дарозмуддат муътадил ба ҳисоб меравад. Агар оҷонси эътиборсанҷӣ дар ин бора эълон дода бошад, пас, вазъро дар Тоҷикистон мушоҳида карда, бар асоси натиҷаҳои таҳлил, ба эҳтимоли ғолиб, рутбаи қарзиро тағйир медиҳад. Рутбае, ки Moody’s ва ҳар оҷонси эътиборсанҷии дигар таъйин мекунад, ин бо назардошти таркиби хатарҳои сиёсӣ ва сохтори иқтисодӣ, сиёсати пулӣ ва суботи молӣ аст. Ҳамаи ин меъёрҳо тағйир меёбанд ва тахмин мешавад, ки дар Тоҷикистон вазъи иқтисодӣ ба таври чашмгир бад мешавад. Бар хилофи пешбиниҳои давлати Тоҷикистон, муассисаҳои эътиборсанҷии байнулмилалӣ, ки вазъро мушоҳида кардаву рутба таъйин мекунанд, ба эҳтимоли ғолиб, дар ояндаи наздик рутбаи қарзии Тоҷикистонро аз “В3” ба рутбаи поинтаре тағйир медиҳанд. Инҳо рутбаҳои эҳтимолӣ ҳастанд ва имрӯз рутбаи эътибори қарзии Русия поинтар аз рутбаи Тоҷикистон аст ва иқтисоди кишвар сахт ба иқтисоди Русия вобаста аст. Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон аст, аз ин рӯ ман бовар дорам, ки рутбаи қарзии Тоҷикистонро бознигарӣ мекунанд.”

Радиои Озодӣ: Агар, дар воқеъ, рутбаи қарзии Тоҷикистонро, ки тавре гуфтед, “В3” аст, поин барад, барои иқтисоди кишвар ва ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати қарзгирӣ аз сармоягузорони хориҷӣ чӣ оқибат хоҳад дошт?

Каримҷон Аҳмадов: “Ин як саволи бисёр дуруст аст, чунки онгуна ки медонед, ҳукумати Тоҷикистон имрӯзҳо бисёр мекӯшад, то қарзҳои боимтиёз ба даст орад. Бозори қарздиҳии байнулмилалӣ бисёр бузург аст ва беҳтарин чизе, ки Тоҷикистон метавонад, ба даст биёрад, қарз аз Сандуқи Байнулмилалии Пул аст. Ҳукумат аз соли 2015 пайваста бо ин созмон дар бораи гирифтани қарз гуфтугӯ доранд. Сандуқи Байнулмилалии Пул шартҳои муайян мегузорад, Тоҷикистон мекӯшад, як навъ ин талабҳоро иҷро карда, қарз бигирад. Аввал дар бораи 500 миллион доллар мегуфтанд, имрӯз дар бораи 300 миллион доллар мегӯянд. Бо назардошти тамоми мушкилоте, ки Тоҷикистон бо Сандуқи Байнулмилалии Пул дар замони раёсати Муродалӣ Алимардонов дар Бонки Миллӣ дошт, ин масъалаҳоро мебардоранд. Агар Moody’s қарор кунад, ки рутбаи эътибори қарзии Тоҷикистонро поин барад, он замон дастрасии кишвар ба захираҳои қарзӣ фавқулода маҳдуд мешавад, аз ҷумла аз Сандуқи Байнулмилалии Пул ҳам. Аз ҷумла, дастрасӣ ба қарзҳо бо фоизҳои баланд, чунки Тоҷикистон ҳақ дорад, ингуна қарзҳоро ҳам ба даст орад, вале гирифтани ин қарзҳо низ мушкил мешавад. Пеш аз онки муассисаҳои молӣ ба кишваре қарз диҳанд, мебинанд, ки он чӣ гуна кишвар аст, рутбаи қарзиаш чӣ гуна аст, тавоноии пардохти қарзҳояш чӣ гуна аст ва муҳимтар аз ҳама, пешбиниҳо аз иқтисодаш чӣ гуна аст. Ва ҳамингуна гузоришҳоро, Moody’s, Fitch ва оҷонсиҳои дигари рутбасанҷӣ медиҳанд.”

Навори суҳбатро дар инҷо бинед:

"Тоҷикистон бояд роҳи севумро интихоб кунад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:09:13 0:00

Радиои Озодӣ: Ҷанги Русия дар Украина тавре медонед, ба иқтисоди тамоми ҷаҳон, ба қимати газу нафт таъсир кард, таваррум ё инфлятсия боло рафт, молу ашё дар ҳамаҷо гаронтар шуд. Оё Тоҷикистон, ки сарватманд нест, назар ба дигар кишварҳо бештар ранҷ мекашад?

Каримҷон Аҳмадов: “Бале. Агар мо ба манзараи иқтисодии кишварҳои муштаракулманофеъ нигоҳ кунем, мебинем, ки Тоҷикистон як мақоми вижае дорад, вале аввалин чизе метавонем бигӯем, ин аст, ки Тоҷикистон шарики муҳими тиҷоратии Русия аст. Сӣ дар сади муомилоти тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо Русия аст ва молҳое, ки аз Русия ба Тоҷикистон ворид мешавад, бисёр зарурианд. Ба мисли сӯзишворӣ, фулузоти сиёҳ, молҳои саноати кимиёвӣ ва ғайра. Аз ин сабаб, ончӣ ки дар Русия ба вуқуъ мепайвандад, мисли оина дар Тоҷикистон инъикос мешавад. Имрӯз рутбаи қарзии Русия аз рутбаи қарзии Тоҷикистон поинтар аст ва тамоми нишондиҳандаҳои иқтисодии Русия суқут мекунанд. Наваду панҷ дар сади пулҳои интиқолӣ ба Тоҷикистон бо рубл аст ва бино ба ҳисобҳои баъзе аз муассисаҳои молӣ ба мисли Бонки Бозсозӣ ва Рушди Аврупо, Бонки Осиёии Рушд, Бонки Аврупоӣ, шояд интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон ду баробар кам шавад. Ин ба он маънист, ки кишвар дар як вазъи мушкиле қарор мегирад ва пайомадҳоро дар байни тамоми кишварҳо Тоҷикистон бештар эҳсос мекунад. Чаро ки интиқоли пул кам мешавад ва Русия муҳимтарин шарики тиҷоратии Тоҷикистон аст. Аз ин роҳи гурез нест. Тоҷикистон яке аз кишварҳое хоҳад буд, ки ҳамаи оқибатҳои манфиро дар тани худ эҳсос мекунад. Шумо медонед, ки бар асоси табақабандии Бонки Ҷаҳонӣ, Тоҷикистон дар қатори 30 кишвар бо даромади кам аст. Инҳо асосан кишварҳои африқоӣ ҳастанд ва аз байни кишварҳои муштаракулманофеъ фақат Тоҷикистон дар ин гуруҳ аст. Барои ҳамин, бо назардошти кам шудани интиқоли пул, афзоиши таваррум ва болоравии мунтазами қимати маводи сӯхт,, Тоҷикистон вазъи бадтаре хоҳад дошт. Мисли Қирғизистон, ё шояд бадтар.”

Радиои Озодӣ: Бо назардошти ин ҳама, аҳволи иқтисоди Тоҷикистон имсол чӣ гуна хоҳад буд?

Каримҷон Аҳмадов: “Ин суоли мушкил аст, вале бубинед, дар Тоҷикистон ҳукумат ҳамеша хушбин буд ва ба мардуми худ рақамҳои баланде нишон медиҳанд. Ман пеш аз гуфтугӯямон арзёбиҳои муассисаҳои муҳими молии байнулмилалӣ ва бонкҳои калидиро нигоҳ кардам ва ба Шумо метавонам, бигӯям, ки пешбиниҳои печидае доранд, чунки вазъи сиёсӣ қобили пешбинӣ нест. Вале метавонем бигӯем, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳадди ақал имсол аз 2.5 то 3 дар сад боло намеравад, таваррум ду баробар бештар мешавад ва дар сатҳи 15 то 16 дар сад мерасад. Нишондодҳо беҳтар намешаванд, чунки вазъи иқтисодии Русия дар Тоҷикистон мисли оина инъикос мешавад. Русия мисли киштии "Титаник" аст, кишвари бузурге, ки ғарқ мешавад ва иқтисодаш дар пеши чашм мешиканад. Ҳар касе ба ин киштӣ баста шудааст, ҳамроҳ бо Русия ранҷ мекашад. Барои ҳамин, мутаассифона, пешбиниҳо хушбинкунанда нестанд.”

Радиои Озодӣ: Тоҷикистон чӣ кор метавонад, кунад, ки ин пайомадҳо ҳадди ақал камтар бошанд ва ё камтар ба иқтисод таъсири манфӣ расонанд?

Каримҷон Аҳмадов: “Ман медонам, ки ҳукумат барои ин барномаи махсус таҳия кардааст. Ман нусхаи ин барномаро гирифтам, дӯстон ба ман фиристоданд. Дар ин барнома ба ғайр аз гапҳои умумӣ дигар чизе нест. Ман як чизро мехоҳам ба Шумо бигӯям. Тоҷикистон аз назари сиёсӣ барои ислоҳоти иқтисодии худ омода нест. Тамоми мушкили Тоҷикистон аз он аст, ки сиёсат ба иқтисод бисёр фишор меорад. Бонки Миллии Тоҷикистонро бигирем, магар он як ниҳоди мустақил аст? Он бар асоси фармудаҳои ҳукумат амал мекунад. Ҳукумат ба президент сахт вобаста аст ва президент ҳам раиси ҳукумати Тоҷикистон аст. Аз ин рӯ, бисёр мушкил аст. Барномае, ки таҳия шудааст, кумак намекунад. Кишвар бояд роҳи саввумро интихоб кунад, бояд шарикони нав ҷустуҷӯ кунад, бояд сиёсати бисёрқутбии тиҷоратиро тағйир диҳад. Ҳукумат бояд иродаи сиёсӣ нишон диҳад, бояд вазъи сиёсӣ, вазъи иқтисодиро тағйир диҳад, бояд кишварро ислоҳ кунад.”

Шарҳҳоро бинед (14)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG