Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзноманигорро ба сармоягузорӣ ба терроризм муттаҳам мекунанд


Думан Муҳаммадкарим
Думан Муҳаммадкарим

Думан Муҳаммадкарим - рӯзноманигори қазоқистонӣ, ки ба гумони "вайрон кардани қонуни баргузории гирдиҳамоиҳо" боздошт шуда буд, ба "сармоягузории терроризм" муттуҳам мешавад.

Вакили дифои рӯзноманигор Галим Нурпеисов гуфт, эҳтимол парвандаи нави шахси зери ҳимояаш ба мусоҳиба бо бонкдор ва мухолифи қазоқ Мухтор Аблязов рабт дорад.

Ба гуфтаи ӯ, рӯзноманигорро ба муҳлати 48 соат боздошт карданд ва додгоҳ дар ин муддат бояд масъалаи ба ҳабси пешакӣ гирифтанашро баррасӣ кунад.

Думан Муҳаммадкарим бояд баъд аз адои ҳабси маъмурӣ рӯзи 22-юми июн озод мешуд. Ҷонибдоронаш дар назди бинои пулис ҷамъ шуданд. Онҳо изҳори нигаронӣ карданд, ки кормандони пулис эҳтимол ӯро раҳо накунанд.

Пулиси Қазоқистон Муҳаммадкаримро 28-уми майи имсол боздошт ва 25 рӯз ҳабс кард.

"Замоне ки вай дар боздошт буд, дар ютубканалаш чанд навор нашр шудааст. Дар яке аз он наворҳо гуё вай ба "гирдиҳамоӣ" даъват кардааст", - гуфта буд вакили мудофеъ дар шарҳи боздошти рӯзноманигор.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG