Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон истеъфои муовини сарвазирро талаб доранд


Эдил Байсалов
Эдил Байсалов

Ҷиноҳҳои порлумонии "Ата Журт Киргизстан", "Ишеним" ва "Мекенчил" пешниҳод кардаанд, ки муовини раиси Девони вазирони Қирғизистон Эдил Байсалов аз мақом барканор карда шавад.

Дар ин бора раиси порлумони Қирғизистон Нурланбек Шакиев хабар додааст.

Расонаҳои маҳаллии Қирғизистон навиштанд, ки рӯзи 22-юми июн масъалаи мазкур дар ҷаласаи порлумон баррасӣ хоҳад шуд.

Байсалов ахиран дар ҷаласаи кумитаи сиёсати иҷтимоии порлумони Қирғизистон бо вакилон занозанӣ кардааст. Ӯ гуё ба вакилон гуфта, ки набояд ба кори девони вазирон дахолат кунанд ва онҳоро ба берун рафтан аз ваколатҳояшон муттаҳам намудааст. Вакилони порлумон ба ғазаб омадаанд.

Вакили порлумони Қирғизистон Шайлообек Атазов дар ҷаласаи рӯзи панҷшанбе муовини раиси Девони вазирони ин кишварро ба хиёнат ба давлат муттаҳам кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG