Дар Арманистон аз 30 дарсад бештар сиёҳ кардани шишаи мошин манъ шуд. Ронандаҳое, ки ин талаботро риоя намекунанд, то 65 доллар ҷарима месупоранд. Ҳукумат мегӯяд, ҳадаф таъмини амнияти ҳаракат дар роҳ аст, вале қонун ронандаҳоро нороҳат кардааст. Чаро?
"Кӣ ҷавоб медиҳад?"
Тобистони имсол барои ронандаҳо дар Арманистон мушкилтар хоҳад буд. Қонуни нав дар ин кишвар сиёҳ кардани шишаи мошинҳоро маҳдуд кард. Тибқи он шишаи мошин бояд 70 дарсад шаффоф бошад, вагарна ронанда муҷозот хоҳад шуд.
Ронандаҳо мегӯянд, шишаи сиёҳ онҳоро аз офтобу гармӣ ҳифз мекард ва ҳоло дар мошинҳои тасфон азият мекашанд. Ба қавли ронанда Вазген Галстиан, "ҳоло аз гармӣ дасти чапамро ҳис намекунам. Офтоб аз ин тараф маро сӯзонд. Ҳатто кондитсионери мошин ҳам мадад накард.”
Ба бовари ин ронанда гармии зиёд ба мошин ҳам зарар мерасонад. “Чӣ тавр метавонам дохили мошинро аз офтоби сӯзон ҳифз кунам? Бовар дорам, тобистон мошинам бе шишаи сиёҳ вайрон хоҳад шуд. Кӣ ҷавоб медиҳад? Ҳеч кас,” – шикоят кард ӯ.
Баъзе аз ронандаҳо ба зидди қонуни нав дар бораи мошинҳои сиёҳшиша ҳастанд. Гурӯҳи дигар ба муқаррароти нав мухолиф нестанд.
"Шахсан ба ман шишаи сиёҳ халал мерасонад. Рӯшанӣ камтар мешавад. Масалан, шабона наметавонед роҳро хуб бибинед,” – гуфт яке аз сокинон.
Видеоро дар инҷо бинед:
Қонуни монанд ба қонуни Тоҷикистон
Вазорати корҳои дохилии Арманистон бовар дорад, қонун вазъи бехатариро дар роҳ беҳтар мекунад. Баъзе аз ронандаҳо мегӯянд, беҳтар буд ба ҷойи манъи шишаи сиёҳ мақомот ба сифату равшании роҳҳо таваҷҷӯҳ мекарданд.
Тигрон Кеян, намояндаи Созмони иҷтимоии “Дӯсти ронандаҳо”, гуфт: “Метавонед ба ман ҳадди ақал як ҷоеро нишон диҳед, ки чунин қоидаи бехатарӣ дошта бошад. Дар ягон ҷой нест.”
Мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Арманистон таъкид мекунанд, ки дар тамоми кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё чунин қонун қабул шудааст.
Ба гуфтаи муовини вазири тандурустии Арманистон, Арпине Саргсян, “то замоне ки Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё чунин муқарраротро пешбинӣ кардааст, дар бораи ҷорӣ кардани ягон қоидаи дигар ҳарфе набояд бошад.”
Қонуни маҳдуд кардани мошинҳои сиёҳшиша чанде пеш қабул шуд, аммо то замони таъмин гардидани пулис бо техникаи озмоиши шишаи мошинҳо, иҷрои онро ба таъхир гузошта буданд. Ҳоло, ба гуфтаи мақомот, аз ронандаҳо риояи ҳатмии қонун талаб мешавад.
Ронанда Вазген Галстиан мегӯяд, “агар иҷоза медоданд, ки ҳадди ақал шишаи мошинҳо то 40 ё 50 дарсад сиёҳ карда шавад, хушҳол мешудем. Ин метавонист моро аз гармии офтоб ҳифз кунад.”
Қонуни ба ин монанд чордаҳ сол пеш дар Тоҷикистон ҳам қабул шудааст. Баъзе аз он розӣ ва бархеи дигар норозиянд.
Дар Тоҷикистон аз соли 2000 то 2009 сиёҳ ё хира кардани шишаи мошинҳо ба истиснои чаҳор нафар – президент, нахуствазир ва раиси ду палатаи порлумон – манъ буд. Аз соли 2009 ба ин ҷониб ҳукумати Тоҷикистон сиёҳ ва ё хира кардани оинаи қафо ва паҳлӯи мошинҳоро бар ивази пардохти боҷи давлатӣ иҷозат додааст.
Гуфтугӯ