Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назари ронандагон ба манъи таксиҳои сиёҳшиша дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Бар асоси як қарори ҳукумати Тоҷикистон, ки аз моҳи апрели имсол ба иҷро медарояд, сиёҳ кардани шишаи "таксӣ" ва мусофирбарҳо манъ шудааст.

  • Дар Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои дигари кишвар даҳҳо мошини сиёҳшиша мусофиркашонӣ мекунанд. Бархе аз сокинон вуҷуди чунин таксиҳоро барои "гурез аз чашми мардум" ваё пинҳон кардани мушкили худ муҳим медонанд. Аммо баъзеи дигар мегӯянд, ки чунин мошинҳо хатарноканд, чун маълум нест, дар дохили он бо Шумо чӣ рух хоҳад дод.
Паҳлӯи дигари масъала ин аст, ки бисёриҳо намехоҳанд онҳоро дар кӯча каси дигар бубинанд.

Мақомот далели манъи таксиҳои сиёҳшишаро дар кишвар расман шарҳ надодаанд. Аммо аз ҳоло аз ронандаҳои таксӣ хоста шудааст, ки бо шишаҳои шаффоф ё бидуни ранги сиёҳ мусофиркашонӣ кунанд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Вокуниши ронандаҳо ба манъи таксиҳои сиёҳшиша дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:04 0:00

"Мумкин аст, сафи муштариҳо камтар шавад"

Вокуниши ронандаҳои таксӣ дар Душанбе ба ин қарор яксон нест. Бештари онҳо мегӯянд, аз байн бурдани шишаи сиёҳ метавонад шумораи муштариёни онҳоро камтар кунад. Ба қавли онҳо, феълан таксиҳои сиёҳшиша талабгори зиёд дорад.

Ҷамшед Хоҷаев, як ронандаи таксӣ дар Душанбе, рӯзи 26-уми март гуфт, "шишаи мошин сиёҳ бошад, чанд паҳлӯи мусбат дорад. Барои мисол, дохили мошин тафсон намешавад, "кондитсионер" хеле хуб кор мекунад. Муштариҳо низ зиёд мешаванд".

"Паҳлӯи дигари масъала ин аст, ки бисёриҳо намехоҳанд онҳоро дар кӯча каси дигар бубинанд. Ё аз якҷо ба ҷойи дигар рафтани онҳоро мушоҳида кунад",-гуфт ронандаи дигари таксӣ Баҳодур Ҳотамов. Дар ҳамин ҳол, бархе ба хотири амнияти ҳам ронандаҳо ва ҳам мусофирон аз манъи ҳаракати таксиҳои сиёҳшиша ҷонибдорӣ мекунанд.

Афзоиши нархи шишаи сиёҳи мошинҳо

Дар ҳамин ҳол, қимати иҷозатномаи сиёҳ кардани шишаи мошинҳо барои онҳое, ки мусофиркашонӣ намекунанд, 27 дарсад афзудааст. Мувофиқи қарори нав, барои сиёҳ кардани шишаи мошинҳои истеҳсолашон то соли 2005 ронандагон бояд 3 ҳазору 575 сомонӣ, муодили 350 доллар бипардозанд. То кунун нархи чунин иҷозатнома 2 ҳазору 750 сомонӣ (270 доллар) буд.

Ронандагони мошинҳои соли тавлидашон 2005 ва навтар аз он, барои гирифтани иҷозатномаи шишаи сиёҳ 4 ҳазору 730 сомонӣ (470 доллар) бояд супоранд. То ба ҳол моликони чунин мошинҳо, 3 ҳазору 410 сомонӣ (340 доллар) боҷ месупориданд.

Бархе аз сокинон мегуянд, аз ин баъд дигар шишаи мошинҳоро сиёҳ намекунанд, зеро аз он дида беҳтар аст, камбуди рӯзгорашонро ҳал кунанд. "Касе пул дорад, шишаи мошини худро сиёҳ кардан гирад. Шахсан чунин нарх барои ман гаронӣ мекунад",-гуфт як сокини пойтахт.

Тоҷикистон аз соли 2000 то 2009 сиёҳ ва ё хира кардани шишаи мошинҳоро ба истиснои чаҳор нафар – президент, нахуствазир ва раиси ду палатаи порлумон, манъ карда буд. Аз соли 2009 ба ин ҷониб ҳукумати Тоҷикистон сиёҳ ва ё хира кардани оинаи қафо ва паҳлӯи мошинҳоро бар ивази пардохти боҷи давлатӣ иҷозат додааст.

Дар оғоз гуфта мешуд, пуле, ки аз судури иҷозатномаи сиёҳ кардани шишаи мошинҳо ба даст меояд, барои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" сарф мешавад. Аммо Бозрасии Давлатии Автомобилӣ гузориш надодааст, ки то кунун аз ин ҳисоб чӣ миқдор маблағ ба даст омад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG