Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири пешин дар додгоҳ: "Шармандагӣ бадтар аз марг аст"


Аристонбек Муҳаммадулӣ, 16-уми июни 2023
Аристонбек Муҳаммадулӣ, 16-уми июни 2023

Аристонбек Муҳаммадулӣ, вазири пешини фарҳанг ва варзиши Қазоқистон, рӯзи 16-уми июн дар додгоҳ сухани охиринашро гуфт. Ӯро ба "исрофкории пули давлат" муттаҳам мекунанд.

Вай айби эъломшударо рад карда ва гуфт, "ҳангоми муҳокимаи парванда ҳеч далели дуздии маблағ исбот нашудааст".

"Муҳтарам суд! Ман ба ҳама гуна ҷазо, ҳатто ба қатл розиям, аммо ба исрофкории маблағ не. Сухани ҳикматомези қазоқие ҳаст ба ин маънӣ, ки: Шармандагӣ бадтар аз марг аст", - гуфт вазири пешин дар додгоҳ.

Вазири пешини фарҳанги Қазоқистон аз 28-уми майи соли 2022 ба гумони дуздии беш аз 140 миллион тангаи буҷет дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Мақомоти зиддифасоди Қазоқистон таҳқиқи фасодкории вазири пешинро рӯзи 16-уми майи соли гузашта шуруъ карда буданд. Муҳаммадиулӣ аз соли 2014 то 2019 вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG