Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд дар Тоҷикистон чӣ ният дорад?


Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд
Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд

Муаррифии технологияҳои “сабз”, рақамикунонии иқтисод, дастгирии бонувони соҳибкор, аз ҷумлаи ҳадафҳои Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд аст, ки дар Тоҷикистон чун ҳадафи дастрасӣ ба он дар ояндаи наздик таъин шудааст.

Ҳолгер Вефел, раиси нави намояндагии ин бонки аврупоӣ дар Тоҷикистон таъин шуд ва пеш аз шурӯи кораш 1-уми июл гуфт, мақсадаш ин аст, ки барои муваффақият дар ин соҳаҳо мушарраф шавад.

Ҳолгер Вефел як мутахассиси соҳаи тиҷорату соҳибкорӣ дар Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд буда, дар Қафқоз, Чин ва Аврупои Шарқӣ таҷрибаи кор дорад. Охирин вазифааш кор дар бахши молияи Осиёи Марказӣ ва Муғулистони ҳамин бонки аврупоӣ будааст.

Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд дар маҷмӯъ ба иқтисоди Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 960 миллион доллар сармоягзуорӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG