Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирон, Чин ва ЕАЭС. Сергей Лавров чаро ба Тоҷикистон омад? ВИДЕО


Сергей Лавров. Акс аз моҳи марти 2023
Сергей Лавров. Акс аз моҳи марти 2023
Дар пасманзари боздошту латукӯби муҳоҷирони тоҷик сафари вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба Душанбе нохудогоҳ ба ин воқеаҳо рабт дода шуд. Дертар аён гашт, ки ин сафари расмӣ аз пеш тарҳрезӣ шуда, тибқи нақшаҳои ду кишвар амалӣ гашт. Ба ин сабаб, аз мақсаду ҳадафҳои он чизи зиёде гуфта нашудааст, аммо бо назардошти вазъияти умумӣ он маъниҳои гуногун касб намуд.

Мавзӯи муҳоҷирони корӣ

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, дар мулоқот бо ҳамтояш аз Русия масъалаи муҳоҷирони тоҷикро дар миён гузошт. Вохӯрии онҳо рӯзи 6-уми июн дар Душанбе баргузор шуд. Тақрибан се ҳафта боз тафтишу боздошт, ҷарима ва латукӯбу ихроҷи муҳоҷирони тоҷик дар Русия афзудааст.

"Ҳоло Русия ба муттаҳидон эҳтиёҷ дорад. Норозигӣ аз ҷанги Русия дар Украина зиёд аст ва Маскав рафиқонаш дар ҷомеаи байнулмилалӣ ва дар ҳама ҷойро  аз даст медиҳад."
Брюс Паннир

Сироҷиддини Муҳриддин ба хабарнигорон гуфт, аз ҷониби Русия хостаанд, дар ҷараёни санҷишҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ бо муҳоҷирон тибқи қонун бархӯрд шуда, ҳуқуқу озодиҳои бунёдии онҳо поймол нагардад.

"Дар ин замина аз тариқи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба ҷониби Русия муроҷиати расмӣ фиристода ва дархост карда шудааст, ки қонунӣ ва қобили қабул будани ингуна бархӯрдро бо шаҳрвандони мо санҷанд," -- гуфт вазири тоҷик.

Сергей Лавров рӯзи 5-уми июн бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омада, мулоқотро бо низомиёни пойгоҳи 201-ум шуруъ кард ва дар онҷо дар бораи ҷанг дар Украина гуфт. Ӯ рӯзи 6-уми июн дар ҳузури хабарнигорон суҳбатро дар бораи муҳоҷирон тасдиқ ва афви муҳоҷиронро дар ду соли пеш ёдрас намуд.

Сироҷиддини Муҳриддин ва Сергей Лавров
Сироҷиддини Муҳриддин ва Сергей Лавров

“Мо дар мавриди муҳоҷират, тавре ҳамтои ман гуфт, суҳбат кардем. Ҳамеша ин мавзуъро ба самте, ки президентҳо нишон медиҳанд, баррасӣ мекунем. Тақрибан ҳамеша хоҳиши афв кардани муҳоҷиронро қабул мекунем. Авфи ахири муҳоҷирон ду сол пеш буд, ба фикрам, 120 ҳазор муҳоҷир афв шуд, новобаста ба он ки онҳо қонунвайронкуниҳои маъмурӣ доштанд,” – гуфт вазири корҳои хориҷии Русия.

Видеоро дар инҷо бинед:

Муҳриддин ва Лавров мушкили муҳоҷиронро баррасӣ кардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:47 0:00

Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё

Иттифоқан масъалаи муҳоҷирон рӯзи 6-уми июн дар дидори вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Русия низ баррасӣ гардид.

Ҳарчанд бардоште ҳосил мешавад, ки бадрафторӣ бо муҳоҷирони тоҷик дар Русия ангезаи асосии ин сафару дидорҳо шудааст, таҳлилгарон онро талоши дигарбораи Русия барои ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шомил кардани Тоҷикистон медонанд. Аз ин нигоҳ фишор ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия низ бахше аз ин талош шумурда мешавад.

Брюс Паннир
Брюс Паннир

Брюс Паннир, таҳлилгари масъалаҳои Осиёи Марказӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, “возеҳ аст, ки ҳоло Русия ба муттаҳидон эҳтиёҷ дорад. Норозигӣ аз ҷанги Русия дар Украина зиёд аст ва Маскав рафиқонаш дар ҷомеаи байнулмилалӣ ва дар ҳама ҷойро аз даст медиҳад. Русия умедвор аст, ки Тоҷикистон ба Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё дохил мешавад. Русия ҳоло ба Тоҷикистон ба ҳайси як шарик эҳтиёҷ дорад.”

Тоҷикистон ба даъватҳои Маскав барои узвият дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳаргиз посухи рад надода, ҳамеша гуфтааст, ки фоидаву зиёни ин узвиятро меомӯзад.

Чин – алтернатива?

Ба назари таҳлилгари тоҷик, Абдумалик Қодиров, феълан Русия дар шароите нест, ки битавонад болои кишвари дигар фишор орад. Ӯ ҳамзамон таъкид кард, ки Русия ҳарчанд мехоҳад муҳоҷирони кориро ҳамчун фишанг истифода барад, вале Тоҷикистон метавонад ба пешниҳодҳои ин кишвар посухи манфӣ диҳад.

Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

“Имрӯз Тоҷикистон алтернатива дорад. Хитой мавқеи Русияро дар Осиёи Миёна танг карда, кишварҳои минтақаро дар оғӯши худ гирифта истодааст. Сафари Лавров ҳамроҳи вазири корҳои дохилии Русия ба Тоҷикистон бесабаб нест. Онҳо мехоҳанд, таъсири бади боздошту латукӯби муҳоҷиронро аз тарафи пулиси Русия каме ҳам бошад, мулоим кунанд.”

Агар тағйире пеш наояд, ин сафарҳо танҳо иҷрои нақшаи солонаи ҳамкориҳо хоҳад буд, на чархише дар равобити ду кишвар. Дар ҳоле ки Лавров бар пояи пайкараи Исмоили Сомонӣ гулчанбар мегузошт, тибқи хабарҳо, боздошту тафтиш ва ҷаримаву ихроҷи муҳҷоирони тоҷик идома дошт.

Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба сабаби бекорӣ ва набудани маоши кофӣ дар кишвар ба Русия мераванд. Бахше аз онҳо шиносномаи Русияро гирифта, аз имтиёзҳо баҳраваранд. Дигарон ба гуноҳи надоштани иҷозаи кор ё набудани сабти иқомат гоҳ-гоҳе боздошту ҷарима ё ронда мешаванд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Коршиносон дар бораи сафари Лавров ба Душанбе чӣ гуфтанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:26 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG