Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия. Чаро ва бо дастури кӣ? ВИДЕО


Маскав, 28-уми майи 2023
Маскав, 28-уми майи 2023

Боздошти дастҷамъии муҳоҷирони тоҷик дар Русия бештар ба як корзори сиёсӣ монанд аст. Ҳадафаш чист?

Тафтиш, боздошт, ҷарима ва латукӯби гуруҳии муҳоҷирону донишҷӯёни тоҷик дар Русия тайи ҳафтаҳои охир афзудааст. Аксари ин ҳодисаҳо дар Маскав, Санкт-Петербург ва Хабаровск рӯй доданд. Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Омбудсмени Тоҷикистон аз идораҳои давлатии Русия хостанд, ки қазияҳоро баррасӣ кунанд.

Ҷониби Русия дар сатҳи расмӣ сукут ихтиёр кардааст, ки ба пайдо шудани назарҳои ба ҳам зид дар мавриди сабаби "тафтишҳо" доман мезанад. Маскав маъмулан дар сурати розӣ набудан аз рафтори Душанбе домангири муҳоҷирони тоҷик мешавад. Аммо рӯйдодҳои охир бо ҳеч изҳори назаре аз сӯи доираҳои наздик ба ҳукумат ва корзори иттилоотӣ дар расонаҳои Русия ҳамроҳ нест.

ФИШОР ВА Ё ТАРС ДОДАН?

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси мустақил, мегӯяд, ин корзор эҳтимол бо ҳадафи маҷбур кардани Тоҷикистон барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё роҳандозӣ шудааст. Ӯ ҳадс мезанад, ки ба эҳтимоли зиёд зимни сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон ба таҷлили "Рӯзи ғалаба" ба Маскав ин масъала пешниҳод шуд.

"Чунин ҳамлаҳои дастурӣ ва густурда аз соли 2011 ба ин сӯ рух надодаанд. Он замон дар Тоҷикистон парвандаи халабонҳои Русия дар дасти баррасӣ буд," -- мегӯяд Муллоҷонов. Ба қавли ӯ, дар минтақаҳое, ки боздоштҳо сурат мегирифтанд, ба ҷуз аз тоҷикон шаҳрвандони кишварҳои дигари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) низ зиндагӣ мекарданд, аммо мавриди ҳамла қарор нагирифтанд.

АЗ ЧӢ ШУРУЪ ШУД?

Ҳамлаҳо ба муҳоҷирони тоҷик аз муроҷиати видеоии сокинони минтақаи Котелникии вилояти Маскав ба президенти Русия сар шуд. Онҳо аз рафтори муҳоҷирон шикоят карданд.

Чанд рӯз баъд донишҷӯёни тоҷик, ки дар Донишгоҳи техникии шаҳри Комсомоли лаби Амур таҳсил мекунанд, ба дасти кормандони ОМОН дар хобгоҳ латукӯб шуданд.

"Тоҷикон ба сабаби бетафовутии ҳамешагии раҳбарии Тоҷикистон нисбат ба муҳоҷирони корӣ мавриди боздошт қарор гирифтанд."

Рӯзи 29-уми май дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки муҳоҷирони дастбастаи тоҷикро ҳангоми берун кардан аз майдони варзишӣ нишон медод. Онҳо ба нақзи муқарароти иқомат, авбошӣ ва итоат накардан ба фармони пулис муттаҳам шуданд.

Бар асоси навиштаи расонаҳои Русия гуё муҳоҷирони тоҷик наврасони маҳаллиро аз майдони варзишии мактаб берун кардаву худашон ба футболбозӣ пардохтаанд. Пойгоҳи хабарии «Интерфакс» хабар дод, ки пулис нисбат ба 49 муҳоҷир санад тартиб дод.

ФАРМОН АЗ БОЛО ВА Ё ИҚДОМИ ПЕШГИРОНА?

Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар яке аз вазоратҳои Русия рад мекунад, ки гуё ҳадафи ин корзор фишор бар Тоҷикистон аст. Ба гуфтаи вай, боздошту тарс додани муҳоҷирон метавонад «супориши» гуруҳҳои ҷиноӣ бошад, ки ба сабаби афзоиши теъдоди зодагони Тоҷикистон дар хоки Русия, мавқеи худро аз даст медиҳанд.

Бо ин ҳол, теъдоди зодагони Тоҷикистон, ки соҳиби шаҳрвандии Русия мешаванд беш аз пеш боло меравад.

Дар се моҳаи аввали соли 2023 беш аз 44 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон соҳиби шиносномаи Русия шуданд. Шумораи муҳоҷирони тоҷик дар Русия мавзӯи баҳс миёни Душанбе ва Маскав мемонад, аммо манобеи гуногун теъдоди онҳоро то 2 миллион баровард мекунанд.

Азияти муҳоҷирон дар Русия аз куҷо маншаъ мегирад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:37 0:00

Карим Алиев, коршиноси масоили муҳоҷират, далели ҳамларо ба муҳоҷирон бештар шудани теъдоди муҳоҷирон медонад: "Ин ҳамла ва боздоштҳо дар навбати аввал ҳадафи равонӣ доранд. Ниҳодҳои қудратӣ аз ин тариқ талош мекунанд, мавҷи миллионнафарии муҳоҷиронро таҳти назорат гиранд. Дар ҳоли ҳозир, замоне ки теъдоди кормандони мақомоти интизомӣ ба далели ҷанг камтар аз ҳадди лозим аст, ба чунин «иқдомҳои пешгирона» ниёзи бештар аст."

"Дар Русия намехоҳанд муносибатро бо Узбекистон халалдор кунанд. Дар мавриди тоҷикон медонанд, ки на сафорат ва на ҳукумати Тоҷикистон садо баланд намекунанд."

Ба гуфтаи ӯ, ба далели онки Душанбе барои муҳофизати шаҳрвандони худ талоши зиёде намекунад, шаҳрвандони Тоҷикистон бештар мавриди чунин ҳамлаҳо қарор мегиранд.

“Душанбе дар Русия сафири мавқеаш суст ва ғайрикасбиро таъйин кард. Шахсе, ки аз дасташ чизе сохта нест ва метарсад барои шаҳрвандони худ садо баланд кунад. Ғайр аз ин, тоҷикон ба сабаби бетафовутии ҳамешагии роҳбарияти Тоҷикистон нисбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ мавриди боздошт қарор гирифтанд. Дар Русия намехоҳанд муносибатро бо Узбекистон халалдор кунанд ва чунин рафторро нисбат ба узбекҳо раво намебинанд. Аммо, дар мавриди тоҷикон медонанд, ки на сафорат ва на ҳукумати Тоҷикистон барои шаҳрвандони худ садо баланд намекунанд,” -- мегӯяд Алиев.

Сафири Русия дар Тоҷикистон, Семен Григорев ҳафтаи гузашта ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон эҳзор шуд ва нигаронии Душанберо аз боздошти дастҷамъии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия шунид. Бо ин вуҷуд, мақомоти Русия расман фишори афзуда бар муҳоҷирони тоҷикро шарҳ надоданд

Рӯзноманигор Галия Ибрагимова мегӯяд, корзори зидди муҳоҷирон метавонад ҳамчун навъе ваҳдатофарӣ барои пайдо кардани душмани дохилӣ дар пасманзари ҷанг дар Украина бошад.

"Ман инҷо геополитика ва омилҳои дигарро намебинам. Русия ин корро сирфан ба он далел анҷом медиҳад, ки тавоноии онро дорад. Дар ҷомеа тақозои зиддимуҳоҷирӣ вуҷуд дорад. Он алайҳи душманони шартӣ ҷамъ шудааст; чи украинӣ, чи тоҷик ва ё ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд оғӯши ҷаҳони русиро раҳо кунанд," – бовар дорад ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Ин рӯзноманигор мегӯяд, чунин иқдом метавонад ҳамчун талош барои ҷалби муҳоҷирон ба ҷанг дар Укрина низ бошад.

Мақомоти Русия борҳо гуфтаанд, ки муҳоҷирон бояд ба ҷанги Украина бурда шаванд. Онҳо зери унвони "баталйонҳои тоҷикӣ" ҳамаи муҳоҷиронро дар назар доранд, чун тоҷикон аз рӯйи анъана рамзи ҳамаи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ низ мебошанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG