Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"100 каси дигарро бурданд." Идомаи боздошти муҳоҷирон дар Русия. ВИДЕО


Пулиси Русия шаби 23 ба 24-уми май наздик ба 100 муҳоҷири тоҷикро дар шаҳраки Котелникии вилояти Маскав боздошт кардааст. Баъзе аз шоҳидон мегӯянд, ин теъдод муҳоҷиронро аз қаҳвахонаҳои “Дидор”, “Роҳат”, “Амина” ва “33 Ҳаус” (ба тоҷикон тааллуқ доранд) бурданд.

Ду шаб пеш сесад нафарро дастгир кардаанд. Яке аз шоҳидон рӯзи 24-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт: “Аз соати ҳафти бегаҳ то соати ҳафти саҳар рост истодем. Ҳамон шаб қариб сӣ касро ихроҷ карданд. Маъмурони ОМОН таҳқир мекарданд ва мегуфтанд, инҳо бояд рафта дар Украина чуқурӣ кананд."

Видеоро дар инҷо бинед:

Идомаи боздошти муҳоҷирон дар Котелнкии Маскав
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:09 0:00

Мақомоти Русия сабаби тафтишу боздошт ва латукӯби шаҳрвандони Тоҷикистонро нагуфтанд.

Намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 24-уми май сафири Русияро дар Душанбе ба суҳбат даъват кардаанд. Ба хабари вазорат, "нигаронии ҷониби Тоҷикистон дар бораи бо баҳонаҳои гуногун ба таври оммавӣ боздошт гардидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Россия расонида шуд."

Боздошту таҳқири муҳоҷирон дар Котелники пас аз як муроҷиати гурӯҳе аз сокинон ба Владимир Путин, президенти Русия, сар шуд. Онҳо даъво доштанд, ки маҳалли зисташон ба “анклави тоҷикон” табдил ёфтаааст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ сокинони бумӣ аз ин амали мақомот пуштибонӣ кардаанд. Коршинос Александр Коваленко бархурди мақомоти Русияро бо муҳоҷирон ҳадафмандона донист.

Вай гуфт: "Ба Русия мушкили дохилӣ лозим аст, то таваҷҷӯҳро аз бохтҳояш дар ҷанги зидди Украина ба дигар тараф барад. Ҳоло тамаркуз ба боздошту латукӯби муҳоҷирони тоҷик равона шудааст. Мутаассифона, расонаҳои Русия ва ба ном фаъолон дар ҷомеа зидди муҳоҷирон ташвиқ мекунанд ва мардуми бумӣ амали зидди муҳоҷиронро дастгирӣ мекунанд."

Аз тарафи дигар, ба гуфтаи ӯ, мақомоти Русия фишор меоранд ва боздоштҳои дастҷамъиро барои сафарбарӣ ба ҷанг истифода хоҳанд кард. "Аз эҳтимол дур намедонам, ки бо чунин роҳ мехоҳанд сафи артиши Русияи ғосибро комил кунанд," – афзуд Александр Коваленко.

Ҳоло тақрибан қаҳвахонаҳои тоҷикон дар шаҳраки Котелники бемуштарӣ мондааст. Муҳоҷирон мегӯянд, дигар аз тарс ба берун намераванд.

Дар гузашта низ муҳоҷирон аз боздоштҳои бедалел ва латукӯб аз тарафи нерӯҳои таъиноти махсуси Русия шикоят мекарданд. Хабарҳои охир нишон медиҳанд, ки ин амал ба сурати як маъракаи васеъ дар саросари Русия оғоз ёфтааст, ки ҳатто сабаби зарбулати донишҷӯён дар хобгоҳҳо шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG