Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский гуфт, дар ҷанг 500 кӯдаки украинӣ кушта шуд


Президенти Украина Владимир Зеленский
Президенти Украина Владимир Зеленский

Президенти Украина Владимир Зеленский гуфт, ҷанги идомадори Русия алайҳи кишвараш то ҳол ҷони 500 кӯдаки украиниро гирифтааст.

Зеленский рӯзи 4-уми июн дар пайи хабари кушта шудани тифли дусолае дар ҳамлаи ҳавоии Русия гуфт, дар 16 моҳи ҷанг дар Украина камаш 500 кӯдак кушта шуд.

Дар изҳороташ Зеленский гуфт, аз замони ҳуҷуми васеъмиқёси Русия ба хоки Украина дар таърихи 24-уми феврали соли 2022 “силоҳ ва нафрати русҳо ҳамарӯза ҷони кӯдакони украиниро мегираду хароб мекунад”.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG