Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи додситони кулли Тоҷикистон дар бораи муҳоҷирон


Юсуф Раҳмон
Юсуф Раҳмон

Додситони кулли Тоҷикистон аз ҳамтоёнаш дар Русия хостааст, ки рафтори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишварро нисбат ба муҳоҷирон бисанҷанду баҳои ҳуқуқӣ диҳанд.

Юсуф Раҳмон дар номае рӯзи 2-юми июн "боздошти оммавӣ, латукӯб ва муносибати бераҳмона ба муҳоҷирон ва боздошти шумораи зиёди донишҷӯёни тоҷик"-ро ёдоварӣ намудааст.

Тайи ҳафтаҳои охир санҷишу боздошт ва ҷаримаи гуруҳии муҳоҷирон ва донишҷӯёни тоҷик дар Русия бештар шуда.

Пештар Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Омбудсмени Тоҷикистон низ аз мақомоти Русия расидагӣ ба қазияи муҳоҷиронро хостанд, вале шиддати бархӯрд бо онҳо тағйир накард.

Ҳар рӯз дар бораи боздошти муҳоҷирон ё бадрафторӣ бо онҳо дар гӯшаҳои Русия хабар мерасад.

Садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба сабаби бекорӣ ва набудани маоши кофӣ дар кишвар ба Русия рафтаанд. Бахше аз онҳо шаҳрвандии он кишварро гирифта, аз имтиёзҳое баҳраваранд, дигарон мавсимӣ дар сохтмону бозор ва хадамоти коммуналӣ кор мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG