Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз ибтидои ҳамлаи Русия ба Украина 483 кӯдак кушта шудааст


Ҷанги Украина. Акс аз бойгонӣ.
Ҷанги Украина. Акс аз бойгонӣ.

Аз ибтидои ҳамлаи Русия ба Украина 483 кӯдак кушта, 989 кӯдаки дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар ин бора Додситонии кулли Украина хабар дод.

Теъдоди бештари ин кӯдакон аз вилоятҳои Донетск, Харков ва Херсон будаанд.

"Ин рақамҳо ниҳоӣ нестанд. Барои муайян кардани теъдоди воқеии рақамҳо корҳо идома доранд", - омадааст дар хабари додситонӣ.

Созмони Милал гузориш дод, ки аз 24-уми феврали соли 2022 то 8-уми майи соли 2023 дар Украина 8791 сокини осоишта кушта, 14 815 тани дигар ҷароҳат бардоштааст.

Дар Созмони Милал гуфтанд, теъдоди воқеии кушташудаҳо ва маҷруҳон метавонад, ба маротиб бештар бошад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG