Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳои ҳавоии Русия ба шаҳри Киев


Нерӯҳои Русия рӯзи якшанбе шаҳри Киев, пойтахти Украинаро ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор доданд.

Мақомоти Украина гуфтанд, ин бузургтарин ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин ба Киев аз оғози ҳуҷуми Русия аст.

Ин ҳамлаҳо дар ҳоле сурат гирифтанд, ки имрӯз аз 1541-умин солрӯзи таъсиси Киев таҷлил шуд.

Мақомҳои украинӣ мегӯянд, системаҳои дифоии ин кишвар камаш 40 бесарнишинро сарнагун карда, бар асари афтодани порчаҳои ҳавопаймоҳо як нафар ҷон бохт. Ду тани дигар захмӣ шудаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG