Гузаргоҳҳои марзии байни Узбекистону Қазоқистон ба далели ҷамъшавии теъдоди зиёди мошинҳои борбар ба фаъолияти босамартар шуруъ кардаанд. Дар ин бора аз мақомоти Қазоқистон иттилоъ доданд.
Қазоқистон минтақаҳои дорои мушкилро шиносоӣ ва барои ҳалли фаврии онҳо ду кишвар чораҷӯӣ кардаанд.
"Теъдоди кормандони гузаргоҳҳо афзуда ва ба убури мошинҳои борбар суръат бахшида шудааст", - омадааст дар хабари мақомоти гумруки Қазоқистон.
Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, бо фаро расидани моҳи май мавсими содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Узбекистон ба Қазоқистон ва аз он ҷо ба Русия шуруъ мешавад.
Дар ҳоли ҳозир аз Узбекистон тавассути се гузаргоҳи марзии Қазоқистон дар шабонарӯз, ба ҳисоби миёна, то 900-1000 мошини борбар мегузарад.
Гуфтугӯ