Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маркази нави пешгирӣ аз ифротгароиву терроризм дар Тоҷикистон


Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон
Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон

Дар дастгоҳи марказии Додситонии кулли Тоҷикистон маркази ягонаи иттилоотӣ барои пешгирӣ аз экстремизм, терроризм ва ҷиноятҳои сайберӣ (кибернетикӣ) таъсис шудааст. Дар он 40 нафар кор мекунад. Дастури раиси ҷумҳур дар ин маврид 19-уми апрели имсол баромадааст.

Мақомоти Тоҷикистон зарурати ташкили ниҳоди навро "ба таъмини ҳамоҳангию ҳамкории бештар миёни сохторҳои гуногун, аз корҳои дохилӣ то амнияти миллӣ" муаррифӣ мекунанд.

Вазорати молияи Тоҷикистон барои таъмини маош ва суғуртаи иҷтимоии коргарони нави Додситонӣ вазифадор шудааст.

Ниҳодҳои қудратию ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҳар сол бо пешниҳоди омори садҳо ҷинояти вобаста ба терроризму ифротгароӣ, аз афзоиши хатари ин зуҳурот ҳушдор медиҳанд.

Мунтақидон мегӯянд, ҳукумати Тоҷикистон бо баҳонаи мубориза бо терроризму экстремизм, дар бисёре аз мавридҳо дигарандешону мухолифини сиёсиро саркӯб мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG