Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пригожин гуфт, ба идомаи ҷанг дар Бахмут "ваъда" гирифтааст


Евгений Пригожин
Евгений Пригожин

Мудири ширкати низомии "Вагнер" гуфт, шаби якшанбе паёме гирифт, ки дар он барои идомаи ҷанг дар Бахмут муҳиммот ва силоҳи кофӣ ваъда шудааст.

Дар изҳороти Евгений Пригожин аз 7-уми май дар Телеграм гуфта мешавад, генерал Сергей Суровикин ба ҳайси миёнарав байни "Вагнер" ва Вазорати дифои Русия кор хоҳад кард.

Пештар Пригожин гуфта буд, ба сабаби нарасидани муҳиммот зархаридони "Вагнер" рӯзи 10-уми май мавқеи худро дар Бахмут тарк мекунанд.

Вай дар ин кор вазири дифоъ ва раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русияро муттаҳам кард.

Пригожин дар паёми видеоӣ ва дар назди ҷасади чандин сарбози кушташуда гуфт, инҳо аъзои "Вагнер" буданд ва ҳамагӣ дар як рӯз дар Бахмут ҳалок шуданд.

Бахмут, ки аз соли 2014 дар гирдоби ҷанг аст, ҳоло ба маркази даргириҳо дар Украина табдил ёфтааст. Замоне хонаи беш аз 70 000 украинӣ буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG