Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

WHO аз хатари биологӣ дар Судон ҳушдор дод


Хартум, Судон
Хартум, Судон

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (WHO) гуфт, баъд аз ғасб шудани озмоишгоҳи моддаҳои беморизойи сурхакон, вабо ва дигар моддаҳо дар шаҳри Хартум (пойтахти Судон) эҳтимоли сар задани хатари биологӣ мавҷуд аст.

Дар Судон бештар аз як ҳафта аст, ки низои мусаллаҳона миёни артиш ва гуруҳи низомии "Неруҳои кумаки фаврӣ" идома дорад.

Маълум нест, ки кадоме аз ҷонибҳо озмоишгоҳи миллии тиббиро ғасб кардааст. Рӯзи сешанбе СҶТ хабар дод, ки кормандон ба озмоишгоҳ дастрасӣ надоранд.

СҶТ гуфт, қатъ кардани нерӯи барқ боис мешавад, ки нигоҳубини моддаҳо дар ин иншооти илмӣ номумкин гардад.

Озмоишгоҳ дар шаҳри Хартум дар наздикии минтақае ҷойгир аст, ки ситоди фармондеҳии артиш онҷо қарор дорад ва ҷангҳо дар наздикии озмоишгоҳ сурат гирифтанд.

Рӯзи сешанбе дар Судон ҳамлаи ҳавоӣ анҷом шуд. Ин дар ҳолест, ки рӯзи 25-уми апрел бо ташаббуси Амрико ҷонибҳо оташбаси серӯза эълон карда буданд.

СММ гуфт, дар ҷараёни ҷангҳои ахир аз ду тараф 460 кас кушта ва қариб 4 ҳазор кас маҷруҳ шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG