Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши тоҷикон барои гирифтани шаҳрвандии Русия кам нашуд. Чаро? ВИДЕО


Овезаи таблиғ ба дарёфти шиносномаи русӣ дар минтақаи аз ҷониби Русия ишғолшуда дар Херсони Украина
Овезаи таблиғ ба дарёфти шиносномаи русӣ дар минтақаи аз ҷониби Русия ишғолшуда дар Херсони Украина

Бо вуҷуди беқадр шудани шиносномаи русӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон аз довталабони аслӣ барои дарёфти шаҳрвандии Русия боқӣ мондаанд.

Аз моҳи январ то ноябри соли 2022 тақрибан 640 000 хориҷӣ шаҳрвандии Русияро гирифтанд. Ба гуфтаи вазорати умури дохилии Русия, ҳарчанд ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 камтар аст, вале дар қиёс ба давраи пеш аз пандемия ба маротиб бештар мебошад. Беш аз нисфи онҳое, ки дар 8 соли охир шиносномаи Русияро соҳиб шудаанд, асосан шаҳрвандони Украина, сокинони минтақаҳои ишғолшуда, мебошанд. Баъди шаҳрвандони Украина бештар соҳиби шиносномаҳои русӣ зодагони Осиёи Марказӣ ҳастанд.

Шаҳрвандони нави Русия кистанд?

Бар пояи омори расмӣ, тақрибан сеяки шаҳрвандҳои нави Русия зодагони Осиёи Марказӣ мебошанд. Агар соҳиби шаҳрвандӣ шудани сокинони минтақаҳои аз ҷониби Русия ишғолшуда дар Украинаро сарфи назар кунем, кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷои аввал қарор мегиранд.

Шартан тоҷиконеро, ки барои гирифтани шаҳрвандии Русия муроҷиат мекунанд, метавон ба ду гурӯҳ тақсим кард. Якум, онҳое ҳастанд, ки мехоҳанд аз пардохти моҳонаи иҷозатномаи кор ва ё патент халос шаванд. Ба ҳисоби миёна барои кору зиндагӣ дар Русия як муҳоҷири тоҷик то 100 000 рубл масраф мекунад. Илова бар ин, шиносномаи Русия азият дидани муҳоҷир аз ҷониби пулиси русро камтар мекунад.

Гурӯҳи дуюм онҳое мебошанд, ки мехоҳанд вазъи иҷтимоиву- иқтисодии худро беҳтар кунанд. Ин афрод умдатан тавассути барномаи "Кӯчбандӣ" ва ё “Соотечественики”- шаҳрвандии Русияро мегиранд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Иштиёқи тоҷикон ба шиносномаи Русия кам нашудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:21 0:00

Хуруҷи оммавии зодагони Осиёи Марказӣ ба Русия барои худи кишварҳои минтақа як паҳлӯи манфӣ дорад. Аксар вақт мақомоти Русия тавассути барномаи “Кӯчбандӣ” мутахассисони баландихтисос – табибон, омӯзгорон, муҳандисон, барномасозонро аз давлатҳояшон берун мекунанд. Ба ин далел, дар аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ камбуди кадрҳо, бахусус дар соҳаи тиб, мушоҳида мешавад. Изҳороти мақомоти рус ва назарсанҷиҳо дар миёни сокинони Русия нишон медиҳад, ки муҳоҷиронро дар ин кишвар чандон интизор нестанд.

Муҳоҷирбадбинӣ дар Русия бештар мешавад

Кирилл, усқуфи Маскав ва тамоми Русия, назараш дар ин мавридро пинҳон намекунад. Ӯ бар ин назар аст, ки “зиёд шудани пайравон ва дорандагони расму оинҳои дигар метавонад ҳаёти мардуми моро ба таври ҷиддӣ тағйир диҳад. Аз ҷумла, ҳамон гунае ки дар Косово буд, таҳдид ба нигоҳ доштани пояҳо ва анъанаҳои маънавӣ вуҷуд дорад.”

Дар миёни мақомдорони баландпояи рус онҳое низ пайдо шуданд, ки бидуни истиҳола дар баёнияҳои худ пешниҳоди мораторий барои додани шаҳрвандӣ ба сокинони Тоҷикистонро кардаанд. Сергей Миронов, вакили Думаи Давлатии Русия дар изҳороте чунин гуфта буд: “Дар аввал, Вазорати корҳои дохилӣ бояд тартиботро дар хадамоти муҳоҷирати худ ҷорӣ кунад, чунки даста- даста шаҳрвандиро тақсим дорад. Ҷамъияти нави русҳо аз муҳоҷирони корӣ танҳо бо доштани шиносномаи Русия фарқ мекунад. Ин назоратро хеле мушкил мекунад, зеро онҳо шаҳрвандони комилҳуқуқи кишвар ҳастанд, аз тамоми ҳуқуқҳо истифода мебаранд, онҳоро ба ватанашон фиристодан мумкин нест, аз корфармоён низ чизе талаб карда намешавад. Мо аз афзоиши таҳдид ҳушдор дода, пешниҳод кардем, ки то охири соли 2022 ба додани шаҳрвандии Русия ба сокинони Тоҷикистон мораторий ҷорӣ шавад.”

Чунин изҳорот танҳо эҳсосоти муҳоҷирбадбинии русҳоро тақвият мебахшад. Аксарияти онҳое, ки чунин фикр мекунанд, ҳатто кушиш намекунанд, ба ҳамватанони худ фаҳмонанд, ки чаро мақомоти Русия ба таври оммавӣ ба зодагони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ шаҳрвандӣ медиҳанд.

Гап дар сари он аст, ки давоми се даҳсолаи ахир аҳолии Русия мунтазам кам мешавад. Ин тамоюл солҳои охир, фалокатбор мегардад. Аз соли 2020 инҷониб аҳолии Русия ҳамасола тақрибан ним миллион нафар кам мешавад. Олимон инро "чоҳи демографӣ" меноманд. Ба гуфтаи онҳо, тамоюли мазкур ба се омил вобаста мебошад:

  • коҳиш ёфтани шумораи занони синни таваллуд;
  • паст шудани сатҳи миёнаи таваллуд;
  • ҳамчунин оқибатҳои дигаргунӣ дар нуфусшумории Русия дар солҳои 90-ум, ки назар ба солҳои 80-ум ба таври ғайримаъмулӣ таваллуди кудак ду баробар кам шуда буд.

Мақомоти Русия кушиш доранд, вазъиятро бо роҳҳои гуногун беҳтар кунанд:

  • барои таваллуди кӯдаки дуюм ва баъдӣ маблағ ҷудо кунанд ва ин барнома “сармояи модарон” ном дорад;
  • бо роҳи баланд бардоштани давомнокии умри русҳо - фармони президент “Дар бораи ҳадафҳои миллии рушди Федератсияи Русия барои давраи то соли 2030” ;
  • тавассути кӯчонидани русҳои қавмӣ аз ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар доираи ба истилоҳ “барномаи бозгашти ҳамватанон”.

Русҳо кам мешаванд

Оморҳо нишон медиҳанд, ки ин талошҳо низ барои дигар кардани вазъият кумак карда натавонист. Ба бовари баъзе аз коршиносон, ҳатто ғасби қаламравҳои Украина ва тақсими шиносномаҳои Русия ба тамоюли умумӣ таъсир нарасондааст. Коҳиши ҷамъияти Русия ҳамоно идома дорад.

Тавре демографи маъруфи рус Алексей Ракша эътироф мекунад, агар муҳоҷирати оммавӣ аз ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ ва вуруди бузурги муҳоҷирони корӣ намебуд, вазъи Русия метавонист фалокатбортар бошад. Дар давоми сӣ соли охир Русия тавонист аз чаҳор се ҳисса, яъне 70 дарсад талафоти аҳолии худро аз тариқи шаҳрвандӣ додан ба муҳоҷирон таъмин кунад.

“Барои мо Осиёи Марказӣ амалан ягона захираи бузурги муҳоҷират боқӣ мондааст. Аз давлатҳои боқимонда дигар ба таври оммавӣ ба Русия намераванд. Дар Осиёи Марказӣ суръати таваллуд ва нуфуси аҳолӣ меафзояд. Соли 1950 дар минтақа назар ба Русия чанд баробар камтар кӯдак таваллуд мешуд, ҳоло бошад, хеле зиёд аст. Дар ояндаи наздик танҳо дар Қазоқистону Узбекистан назар ба тамоми Русия мизони таваллуд бештар хоҳад буд. Метавон тасаввур кард, ки пас аз 20 сол фишори муҳоҷират боз ҳам бештар хоҳад шуд, алабатта агар то он вақт вазъи Русия умуман хуб бошад. Вале агар Русия мушкили иқтисодӣ намедошт, одамон боз ҳам бештар меомаданд,”—гуфт, Алексей Ракша.

Дар пасманзари ҷанг дар Украина ва даъватҳо барои фиристодани зодагони Осиёи Марказӣ ба ҷанг, маъруфияти гирифтани шаҳрвандии Русия хеле поин рафтааст.

Тибқи маълумоти охирини Вазорати корҳои дохилии Русия, дар соли 2022 шумораи хориҷиёне, ки шиносномаи русӣ гирифтаанд, нисбат ба соли қаблӣ қариб 6,5 дарсад коҳиш ёфтааст. Тавре ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, соли гузашта муҳоҷирони корӣ барои пайдо намудани шуғли устувортар ба ҷустуҷӯи кишварҳои алтернативӣ оғоз карданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG