Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дифои Амрико гуфт, "Амбрамс"-ро мефиристанд


Ллойд Остин, вазири дифои Амрико
Ллойд Остин, вазири дифои Амрико

Вазири дифои Иёлоти Муттаҳида гуфт, ки ба зудӣ тонкҳои "Абрамс"-ро ба Олмон мерасонанд. Ҷое, ки сарбозони украинӣ истифодаи онро тамрин хоҳанд кард.

Ллойд Остин рӯзи 21-уми апрел дар ин бора ҳангоми нишаст бо ҳампаймонҳои ғарбии Украина дар пойгоҳи ҳавоии Амрико дар Рамштейни Олмон гап зад. Дар он мулоқот интиқоли силоҳу муҳиммот ба Украина баҳс шуд.

Тамрин бояд дар майдони "Графенвуер" дар ҷануби Олмон бигузарад. Тибқи гузоришҳо, тақрибан 250 сарбози украинӣ ҳудуди даҳ ҳафта таълим хоҳанд гирифт.

Дар ҳамин ҳол, вазири дифои Олмон Борис Писториус имкони интиқоли ҳавопаймоҳои ҷангии кишварашро ба Украина рад кард.

Писториус рӯзи 21-уми апрел гуфт, ҳавопаймоҳои ҷангии ду кишвар фарқ доранд ва "ин мисли иваз кардани як мошини иҷора ба мошини дигар нест".

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG