Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сад сол биронанд, аммо зудтар." 9 моҳ дар интизори ихроҷ аз Русия


Хайрулло Эргашов, муҳоҷири тоҷик
Хайрулло Эргашов, муҳоҷири тоҷик

Як муҳоҷири 61-солаи тоҷик мегӯяд, нӯҳ моҳ боз дар Боздоштгоҳи муваққатии "Красное село"-и шаҳри Санкт-Петербург мунтазири ихроҷ (депортатсия) аз Русия аст.

Маъмулан муҳоҷиронро барои вайрон кардани қоидаҳои будубош дар муддати аз як ҳафта то се моҳ ба Тоҷикистон меронанд, вале Хайрулло Эргашов мегӯяд, "аз моҳи августи соли гузашта то ҳол" касе суроғаш намекунад.

Ин муҳоҷири тоҷик рӯзи 22-юми апрел телефонӣ гуфт, ӯро моҳи августи соли гузашта маъмурони пулис дар кӯча дастгир карданд. Замоне ки ба гуфтааш ҳуҷҷате надошат ба онҳо ному насабашро дурӯғ гуфт.

"Дертар ҳуҷҷатҳоро овардам. Нишон додам. Гуфтанд, дурӯғ гуфтӣ ва аз Русия ронда мешавад. Қарори ихроҷамро бароварданд. Илтимос кардам, қарорро қабул накардам, вале ҳоло розиям, ки сад сол аз Русия ихроҷ кунанд, вале зудтар ба ватан фиристанд," – гуфт ӯ.

Хайрулло Эргашов то замони боздошт дар сохтмоне дар шаҳри Санкт-Петербург кор мекард. Ӯ иддао кард, ки барои гирифтани ёрӣ борҳо ба консулгарии Тоҷикистон муроҷиат кард, "вале касе ёрӣ накард".

Намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 22-юми апрел дар номае ба Радиои Озодӣ навиштанд, ки аз қазия хабар доранд.

Ба навиштаи онҳо, "айни ҳол кормандони Консулгарии генералӣ дар Санкт-Петербург дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори кишвари иқомат ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор додаанд. Масъалаи мавриди назар таҳти пайгирӣ қарор дошта, барои ҳалли мусбати он Сафорат ва Консулгарии генералӣ талош меварзанд."

Солона ҳазорҳо муҳоҷири тоҷикро барои нақзи қоидаҳои будубош аз Русия ихроҷ мекунанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, мақомоти рус аз бепуштупаноҳии муҳоҷирони тоҷик истифода карда, онҳоро барои одитарин нақзи қоидаи будубош ва ҳатто дар баъзе маврид бегуноҳ аз ин кишвар меронанд.

Мақомоти Русия гуфтаанд, ки дар чанд соли охир ҳудуди 300 ҳазор муҳоҷири тоҷикро аз ин кишвар хориҷ карданд. Роҳи бозгашти ин афрод ба Русия аз 3 то 5 сол ва ё бештар аз он баста мемонад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG