Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар пойтахти Яман ҳангоми тақсими хайрия 85 кас ҷон бохт


Яман
Яман

Дар натиҷаи талотуме, ки дар пойтахти Яман ҳангоми тақсими хайрия сар зад, камаш 85 ҷон бохта, зиёда аз 300 каси дигар захмӣ шуд.

Намояндагони расмии Гуруҳи ҳусиҳо, ки назорати пойтахтро ба даст доранд, гуфтанд, талотум дар натиҷаи аз ҳад зиёд ҷамъ шудани одамон дар ҳудуди як мактаб сар зад.

Ба гуфтаи онҳо, баъд аз боз шудани дарвозаҳои мактаб анбуҳи мардум якбора талош кардаанд, тавассути зинапояи танг ба маҳалле роҳ ёбанд, ки дар онҷо кумаки хайрия тақсим карда мешуд.

Шоҳидон мегӯянд, талотум пас аз оташкушоии намояндагони ҳусиҳо, ки мехостанд вазъро зери назорат гиранд, сар зад. Шоҳидон дар суҳбат бо "Associated Press" гуфтаанд, ҳусиҳо ба ҳаво тир кушоданд ва тирҳо ба сими барқ расиданд. Дар натиҷаи таркишҳо талотум сар зад.

Ба гуфтаи намояндагони ҳусиҳо ва шоҳидон, дар миёни ҷонбохтаҳо занон ва кӯдакони зиёд ҳастанд.

Дар видеое, ки телевизиони "Al Masirah" нашр кард, дида мешавад, сокинон фарёд мезананд ва кӯшиш мекунанд, ки аз миёни анбуҳ бароянд. Дар навор ҷасадҳо низ дида мешаванд.

Намояндагони расмии ҳусусиҳо гуфтанд, ду нафареро, ки бидуни иҷозати мақомот маъракаи тақсими кумаки хайрияро ташкил карда буданд, боздошт шуданд. Онҳо ваъда додаанд, ки ба ҳар хонаводаи қурбонӣ 2000-долларӣ ва ба наздикони захмиён 400-долларӣ хоҳанд дод.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG