Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Васфи Рустами Эмомалӣ дар "Ҷумҳурият" чӣ маъно дорад?


Рустами Эмомалӣ ва Эмомалӣ Раҳмон
Рустами Эмомалӣ ва Эмомалӣ Раҳмон

Нашрияи “Ҷумҳурият”, минбари расмии ҳукумати Тоҷикистон, бо чопи мақолае Рустами Эмомалӣ, писари президент Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси Миллиро ситоиш кардааст. Дар ҳоле ки намояндагони мухолифони ҳукумат ӯро барои надоштани лаёқату кордонӣ танқид мекунанд, муаллифи мақола Рустами Эмомалиро дар ҳама ҷанбаҳо комёб номидааст.

Ба қавли муаллифи мақола, Рустами Эмомалӣ ин ҳамаро аз падараш Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон омӯхт. Эмомалӣ Раҳмон беш аз сӣ сол аст қудратро ба даст дорад ва пайваста ба саркӯби дигарандешон, боздошту зиндонӣ кардани рақибони сиёсӣ ва баргузории интихоботҳои ношаффофу иқтисоди заиф танқид мешавад.

Вале муаллифи мақола гуфтааст, “касе инкор карда наметавонад, ки Рустами Эмомалӣ бо пиндору гуфтор ва рафтори намунавӣ дар қалби мардум маъво ёфтааст.” Пештар чунин ситоишро танҳо ба падари ӯ, Эмомалӣ Раҳмон, раво медиданд. Ҳоло ба гуфтаи огоҳони вазъ, васфи муболиғаомези Рустами Эмомалӣ дар расонаҳои давлатӣ фазосозӣ барои ҷойгузини эҳтимолии падар шудани ӯ ҳаст.

Рустами Эмомалии 35-сола се сол пеш раиси Маҷлиси миллӣ таъйин шуд ва сару садо зиёд аст, ки мумкин аст, ӯ ба ҷойи падараш раиси ҷумҳур шавад. Мунтақидонаш мегӯянд, ӯ таҷрибаи кофӣ дар сиёсат надорад, суханрониаш дар мазҳари ом ё муошираташ бо мардум дида нашудааст. Ҳамчунин чанде аз ширкатҳои бонуфузро, ки ба номи дӯстони Рустами Эмомалӣ сабт шудаанд, моли худи ӯ меноманд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG