Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни нави даъват ба артиши Русия чӣ оқибат дорад? ВИДЕО


Думаи давлатии Русия
Думаи давлатии Русия

Вакилони порлумони Русия тағйирот ба чанд қонун дар мавриди даъват ба артишро қабул карданд ва Владимир Путин, президенти ин кишвар низ онҳоро имзо кард.

Бандҳои наве, ки рӯзи 11-уми апрел бо тағйирот ба қонунҳо ворид шуданд, аз хидмати ҳарбӣ канораҷӯӣ кардани мардонро дар Русия тақрибан номумкин хоҳад кард.

Қонун талаб мекунад, ки даъватномаҳо ба гунаи электронӣ ба воситаи портали хадамоти давлатӣ пешниҳод карда шаванд.

Баъзе коршиносони соҳаи ҳуқуқи инсон мегӯянд, қонунҳои нав хилофи сарқонуни Русия ҳастанд.

Сергей Кривенко, ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯяд, бар асоси ин тағйирот ниҳодҳои давлатӣ бе иҷозат маълумот дар бораи ҷавонони синни хидмат ба артишро ҷамъоварӣ мекунанд. “Ин кор муқаррароти марбут ба маълумоти шахсӣ дар конститутсияро вайрон мекунад, зеро ҳеҷ кас наметавонад маълумоти шахсии одамонро бе розигии худи онҳо ҷамъоварӣ кунад,”—гуфт ӯ.

Видеоро инҷо бинед:

Қонуни нави даъват ба артиши Русия чӣ оқибат дорад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00

Тибқи омори Кремл, аз замони эълони сафарбаркунии умумимиллӣ дар охири моҳи сентябри соли 2022, тақрибан 300 000 мард ба ҷанг дар Украина даъват шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, нашрияи “Forbes Russia” менависад, шояд 700 000 нафари дигар барои нарафтан ба ҷанг Русияро тарк кардаанд.

Изабела Табаровский, коршиноси низомӣ мегӯяд, "одамон ҷанг кардан намехоҳанд ва онҳо намехоҳанд, ҷони худро дар ҷанге, ки дар борааш кам медонанд ва ё ҳеҷ чиз намедонанд, аз даст бидиҳанд.”

Бар асоси қонуни нав, мардони ӯҳдадори хидмати ҳарбӣ то замоне ки ба комиссариат ҳозир нашаванд, ҳаққи берун рафтан аз кишварро надоранд. Ҳозир нашудан дар давоми 20 рӯз дар пай ҷарима, манъи истифодаи шаҳодатномаи ронандагӣ ва гирифтани қарзи бонкиро дорад. Ҳамчунин фурӯш ё хариди амволи ғайриманқул низ номумкин мешавад.

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл дар як изҳороти расмӣ гуфт, бо ислоҳи қонун шеваи даъват ба артишро осонтар карданд.

“Вақте амалиёти махсуси ҳарбӣ оғоз шуд, ману шумо дидем, ки дар баъзе комиссариатҳои мо бесарусомонӣ ҷой дорад. Ҳадафи ин ташаббуси қонунгузорӣ маҳз ҳамин аст: ба тартиб даровардан ва барои шаҳрвандон замонавӣ, муассир ва қулай гардонидани он мебошад.”

Аммо ҳомиёни ҳуқуқи инсон, ба мисли Крёнко, бо ин иддао розӣ нестанд.

"Ин дурӯғи рӯирост аст. Агар онҳо мехостанд, ки низоми даъвати артишро навсозӣ кунанд, метавонистанд ин корро дар замони осоишта анҷом диҳанд. Зеро дар ин бора ҳукумат аз солҳои 90-ум, аз замоне, ки ба рақамисозии коркарди ҳуҷҷатҳо шурӯъ кардааст, суҳбат мекунад,“—гуфт, Крёнко.

Гурез аз хидмат дар артиш бо афзоиши талафоти Русия зиёд шудааст. Таҳлилгарони Маркази мутолеъоти стратегӣ ва байнулмилалии мақарраш дар Вашингтон бар ин назаранд, ки аз замони оғози ҳамла дар Украина дастикам 200 000 сарбози рус маҷрӯҳ ё кушта шудаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG