Владимир Кара-Мурза, рӯзноманигор, сиёсатмадор ва яке аз мунтақидони сарсахти ҳукумати Русияро ба иттиҳоми "хиёнат ба давлат" ва ҷиноятҳои дигар, ки худаш рад мекунад, 25 сол зиндонӣ карданд. Ӯ 45-сола аст.
Ҳукми Додгоҳ рӯзи 17-уми апрел баромад ва зуд бо мавҷи вокунишҳои ҷаҳонӣ рӯбарӯ шуд. Намояндагони Бритониё озодии фаврии ӯро талаб карданд.
Хабаргузориҳои Русия аз қавли вакили мудофеъ Мария Эйсмонт навиштанд, ки онҳо ба зидди ҳукм шикоят хоҳанд бурд.
Давлати Бритониё ҳукми Додгоҳи Русияро маҳкум кард ва гуфт, парванда алайҳи падари се фарзанд "ангезаи сиёсӣ дорад".
Дар изҳорот навиштанд, сафири Русия дар Бритониё эҳзор ва ба ӯ рӯшан гуфта хоҳад шуд, ки Лондон маҳкумияти Кара-Мурзаро хилофи уҳдадориҳои байнулмилалии Маскав дар мавриди ҳуқуқи башар, аз ҷумла ҳуқуқ ба адолати додгоҳӣ, медонад.
"Владимир Кара-Мурза ҷасурона ҳамлаи Русияро ба Украина маҳкум кард," – омадааст дар изҳорот.
Волкер Турк, комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милал, аз Русия даъват кард, ки Кара-Мурзаро бе диранг озод кунад. "Ҳеч кас набояд барои истифода аз ҳаққи инсонии худ аз озодӣ маҳрум гардад. Аз мақомоти Русия даъват мекунам, ӯро бе таъхир раҳо кунанд," -- гуфт Турк дар эъломия.
Сухангӯйи Кремл Дмитрий Песков дар посух ба суоли хабарнигорон дар Маскав аз шарҳи қазия худдорӣ варзид.
Мақомоти Русия дар аввал Владимир Кара-Мурзаро ба нашри ахбори дурӯғ дар бораи артиш муттаҳам карда, сипас дар моҳи август ҳамкорӣ бо созмонҳои "номатлуб"-и хориҷӣ ва дар моҳи октябр хиёнат ба давлатро илова намуданд.
Тибқи иттилои созмони OVD-Info, аз оғози таҷовузи Маскав ба хоки Украина дар моҳи феврали соли 2022, тақрибан 20 ҳазор шаҳрванди Русия барои суханҳои эътирозӣ ба зидди ҷанг дастгир шудаанд.
Кара-Мурза рӯзи 10-уми апрел дар сухани охирини худ дар додгоҳ гуфт, иттиҳомоти зидди ӯ ношаффоф аст ва аз мурофиаҳои додгоҳии дигарандешони Шӯравӣ дар солҳои 1960 ва 1970 низ бадтар.
Ҷонибдори деринаи арзишҳои демократӣ ва мухолифи сарсахти ҳукумати ҳозираи Русия гуфт, ӯро барои ақидаҳои сиёсияш зиндонӣ карданд. "Ман на танҳо аз ҳеч як аз ин тавба намекунам, балки аз он фахр мекунам," – афзуд ӯ.
Сафири Амрико дар Русия Лин Трейси мегӯяд, "Владимир Кара-Мурза ва сокинони зиёди Русия ба ояндае умед доранд, ки дар он озодиҳои бунёдӣ дар Русия эҳтиром карда хоҳанд шуд. Мо ҳам ба ин умедвориҳо шарикем."
Кара-Мурза яке аз ҳомиёни асосии Санади Магнитскийи Амрико буд, ки таҳримҳоро барои поймолгарони ҳуқуқи башар дар Русия пешбинӣ мекунад. Сергей Подопригоров, додрасе, ки рӯзи 17-уми апрел ҳукмро хонд, яке аз аввалин шахсоне буд, ки Иёлоти Муттаҳида даҳ сол пеш тибқи қонуни Магнитский ӯро таҳрим кард.
Гуфтугӯ